12:41:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

ВКД боздошти Хуҷа-командирро тасдиқ кард

Хабаргузории tajikistantimes.com иттилоъ дод, ки як гурӯҳи вижаи вазорати умури дохилии кишвар бо сарварии Шоҳрух Сайидзода – Сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат барои овардани Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа – командир ба Дубай сафар кардааст. Манбаъ гуфтааст, ки фармондеҳи Фронти халқӣ Хӯҷа Каримов дар пайи дархости Тоҷикистон аз Интерпол дар Дубай боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон то ҳол тайиди расмии хабари мазкурро интишор надодааст, вале хабаргузориҳо истинодан ба манобеъи худ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон онро расонаӣ карданд.

khuja-karimov_454512Хӯҷа Каримов яке аз хунрезтарин чеҳраҳои Фронти халқии собиқ буд, ки бо кушторҳои пуровозаву даҳшатнокаш ном бароварда буд. Тибқи иттилои манобеъ ӯро рӯзи 30-уми июл пулиси Иморати Муттаҳидаи Араб бар пояи рӯйхати Интерпол ва дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт кардааст.

Гуфта мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз соли 2008 Хӯҷа-Командирро ҷустуҷӯ мекунанд ва парвандаи пурсарусадои кушторҳои вай ноанҷом боқӣ мондааст.

Хӯҷа Каримов шарики ҷиноятҳои вазнине дар солҳои ҷанги дохилӣ будааст ва ӯро ба ғоратгарӣ, бандитизм, гаравгонгирӣ ва одамкушӣ муттаҳам мекунанд. Мақомот дар қатли ду вакили парлумони Тоҷикистон Саидшо Шоев бо бародараш ва Тағай Шукуров низ нақши дастони Хӯҷа Каримовро дидаанд.

Соли 1998 Хӯҷа Каримовро дар назди бинои Маҷлиси Олӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта буданд, вале баъдтар ба таври асроромез озод гардид ва фирор кард.

Дар бораи Хӯҷа Каримов ва бераҳмиҳои вай дар солҳои ҷанги дохилӣ гӯмагӯҳо хеле зиёданд. Миёни мардум вай чун як бедодгару ғоратгар ном бароварда буд. Боздошташ дар соли 1998 ба чанд қатли пуровоза иртибот дошт, вале барояш муяссар гардид, ки фирор кунад.

Хӯҷа Каримов баъди ин худро то Малайзия расонд ва бо миллионҳое, ки аз Тоҷикистон бурда буд, саргарми корҳои тиҷоратӣ шуд. Ӯро зуд-зуд дар Иморат медиданд, ки барои анҷоми корҳои савдо меомаду мерафт. Аз соли 2008 мақомоти Тоҷикистон билохира номи вайро дар Интерпол сабт карданд, ки баъди 11 сол инак боздошт шуд.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi