Вазорати корҳои дохилӣ беш аз 1700 кило мухаддиротро ба оташ кашид
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бештар аз 1700 кило маводи мухаддирро ба оташ кашидааст. Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорат субҳи имрӯз маросими ба оташ кашида шудани беш аз 1700 кило маводи мухаддир бо ширкати намояндагони додгоҳ, додситонӣ ва рӯзноманигорон доир шудааст.
Манбаъ хабар додааст, ки дар маҷмуъ 49 кило героин, 465 кило афюн, 346 кило ҳашиш, 850 кило бангдона ва дигар намуди моддаҳои нашъадор сӯзонида несту нобуд карда шуданд.
Ҳамчунин миқдори зиёди ҳабҳои нашъадори синтетикӣ низ аз роҳи сӯзонидан нобуд карда шудааст.
Бино ба навиштаи манбаъ солҳои охир кормандони милитсия муборизаро алайҳи роҳҳои муосири истифодаи воситаи нашъадор пурзур намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳазорҳо дона ҳабҳои нашъадори синтетикӣ, ки истеъмоли он ба ҳаёту саломатии одамон таҳдид мекунад, дарёфт ва мусодира кардаанд.
Гуфта мешавад, ки мухаддироти ба оташкашидашуда далелҳои шайъии 159 парвандаи ҷиноие буданд, ки дар бораи нобудсозии онҳо ҳукми додгоҳ содир шудааст.
«Рӯзгор»