07:04:57 01-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳафтумин рӯзи ҷустуҷӯи ҷасади сайёҳи рус: аз Ирина Третякова нишоне пайдо нест

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтумин рӯз аст, ки ҷасади Ирина Третяковаи 61-соларо меҷӯянд, вале ҳамоно нишоне аз ӯ пайдо нест. Умеда Юсуфӣ-сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар суҳбат бо «Рӯзгор» гуфт, ки ин шаҳрванди Русия рӯзи 13-уми август ҳангоми убур аз пули рӯди Хингоб ба дарё сарозер шуд ва мавҷи пурхӯрӯш дар як лаҳза ӯро аз чашми ҳамраҳонаш дур кард.

justuju 45554545Манбаъ иттилоъ дод, ки ин ҳодиса шаби 13-уми августи соли равон соати 20:24 дақиқа рух додааст. Ирина Третякова ҳамроҳ бо панҷ сайёҳи дигар аз Русия дарёи Хингобро дар ноҳияи Сангвор мегузашт ва ногаҳон ба рӯди хурӯшон сарозер шуд. Чор тани онҳо шаҳрвандони Русия ва як нафар сокини шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Инҳо:

Третякова Ирина Олеговна соли таваллуд 05.09.1959

Колпаков Александр Василевич соли таваллуд 26.05.1988

КалпаковАлексей Александрович соли тавалуд 18.03.1988

Ретман Георгий Гиоргевич соли таваллуд 04.08.1941

ва Ким Виктория Семёновна соли таваллуд17.09.1962.

Дар айни замон 7 нафар кормандони идораву вазоратҳои дахлдор ба макони ҳодиса эъзом шудаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади Ирина Третякова идома дорад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi