03:50:45 02-уми Июли 2025 сол

ТИРАНДОЗӢ ДАР ЯК МАКТАБИ ҚАЗОН

Субҳи рӯзи 11 май дар мактаби №175-и шаҳри Қазони Русия тирпарронӣ рух дода, як шахси мусаллаҳ вориди мактаб мешавад ва тир мепарронад.

kazan-strelba 21214545Роҳбари Тотористон Рустам Миннихонв изҳор доштааст, ки яке аз ҳамлагарон - ҷавони 19 сола боздошт шудааст. Ҳамлагари дигарро баъдтар хадамоти махсус нобуд карданд, хабар додаанд ТАСС ва Интерфакс бо истинод ба манбаъҳо, менависад Би-Би-Си.

Президенти Тотористон Рустам Миннихонов аз мактаб боздид намуда, дар бораи 7 нафари ҳалокшуда маълумот додааст.

“Мо 7 кӯдакро талаф додем. Хонандагони синфи 8-ум. Чор писар ва се духтар. Онҳо дар ошёнаи сеюм ҳалок шудаанд”, - гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон.

Кумитаи миллии зиддитеррористӣ низ аз фавти ҳафт нафар кӯдакон хабар додааст.

Баъди чанде дар шаҳрдории Қазон изҳор доштаанд, ки боз як муаллима ҳам аз тирандозӣ ҳалок шудааст (ҳамагӣ 8 нафар, ки 7-нафарашон ноболиғонанд).

Дар дафтари матбуоти роҳбари Тотористон ба РИА Новости иттилоъ додаанд, ки 7 нафар кӯдаку 1 нафар муаллима ҳалок ва 20 нафар захмӣ шудаанд.

Манбаъ: Asia-Plus

Акс аз РИА Новости

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ