09:44:23 06-уми Июни 2025 сол

Нашрияи "The Hill" навиштааст, ки Ғарб бар асари таҳримҳо алайҳи Русия ба дом афтодааст

Таҳримҳои бесобиқаи Ғарб алайҳи Русия ба шамшери дудама монанданд - чораҳои маҳдудкунанда ба Русия зарар мерасонанд ва ба гардани онҳое, ки онҳоро ҷорӣ мекунанд, хароҷот мерасонанд. Ба ин ақидааст, рӯзноманигорони "The Hill".

8 the hill 5445215"Таҳримҳо ва низоъ дар Украина қимати ҷаҳонии ашёи хом ва энержиро боло бурда, ба Русия кӯмак мекунанд, ки бо вуҷуди коҳиши содирот даромади нафту газро афзоиш диҳад".

Дар матлаб таъкид шудааст, ки бо вуҷуди талошҳо барои хориҷ кардани Русия аз гардиши молии ҷаҳонӣ, рубл ба сатҳи то 24 феврал расида истодааст. Дар баробари ин воҳиди пули Ҷопон ба пойинтарин ҳад дар 20 соли ахир суқут кард.

Таҳримҳои зидди Русия боиси афзоиши таваррум ва қатъ шудани занҷири таъминот шуданд, ки ширкатҳои ғарбиро бо зиёни молӣ таҳдид мекунанд. Вазъият бо баланд шудани фоиз барои ҷилавгирӣ аз таваррум мураккаб шудааст.

Рӯзи 2 май хабаргузории "Bloomberg" бо такя ба изҳороти раиси дафтари нахуствазири Маҷористон Григорий Гояш хабар дод, ки Будапешт ба ташаббуси Иттиҳодияи Аврупо оид ба маҳдуд кардани воридоти манобеъи энержии Русия вето мегузорад.

Александра Юшкиавичоте, "Газета.ру"

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854