17:39:54 04-уми Июни 2025 сол

Қазоқистон овозаҳо дар бораи нақшаи хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро рад кард

Сомонаи "stopfake.kz" бо нашри баёнияи Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии ҷумҳурӣ хабар дод, ки маълумоти дар ВАО нашршуда дар бораи нақшаи эҳтимолии хориҷ шудани Қазоқистон аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нодуруст аст.

08 kazakhistan 454521554"Дар шабакаи иҷтимоии Telegram хабаре паҳн шуда истодааст, ки гӯё Қазоқистон аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар ҳоли хуруҷ истодааст. Сабабаш - "ихтилофоти ҳалнашуда байни Қазоқистон ва Русия" будааст. Ин хабар дуруст нест. Ин хабарро Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон рад кард», — омадааст дар хабар дар сомонаи "stopfake.kz".

Тавзеҳ дода мешавад, ки ин хабарро низ Вазорати корҳои хориҷиаи кишвар рад кардааст.

"Мо ҳамчунин қайд мекунем, ки дар паёми паҳншуда муаллифе, ки иддаъо дорад, ки Қазоқистон мехоҳад аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хурӯҷ шавад, ба баъзе манобеъи худ ишора мекунад. Ин яке аз нишонаҳои ҷаълӣ (фейк) будани ин хабарро тасдиқ мекунад, зеро пайдо кардани манбаъ ва тафтиши он тақрибан ғайриимкон аст".

Ҳамчунин сомона хабар медиҳад, ки дар сомонаҳои расмӣ ва васоити ахбори омма "дар бораи нақшаҳои хурӯҷи Қазоқистон аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё" ҳеҷ хабаре вуҷуд надорад.

Ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон шомиланд.

РИА Новости

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854