Вазири корҳои хориҷӣ cафири Ҷопонро ба ҳузур пазируфт
1 майи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейко Фурутаро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон табодули афкор сурат гирифт.