14:26:21 20-уми Июни 2025 сол

Вохӯрӣ бо Вазири саноат, захираҳои табиӣ ва савдои Эрон

30 апрели соли ҷорӣ, дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат, захираҳои табиӣ ва савдои Эрон ҷаноби Муҳаммад Аттобак баргузор гардид.

3 vaziri iron 56568951Зимни мулоқот ҷонибҳо самтҳои асосии густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи саноат, аз ҷумла татбиқи ташаббусҳои муштарак бо иштироки роҳбарони кумитаҳо ва ташкилотҳои зердаст баррасӣ намуданд.

Дар маркази таваҷҷуҳ инчунин иҷрои Нақшаи чорабиниҳо байни вазоратҳои соҳавӣ барои солҳои 2025–2027 ва рушди ҳамкорӣ дар доираи афзалиятҳои муайяншуда қарор дошт.

Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб ба таҳкими шарикӣ ва таъсиси механизмҳои устувори ҳамкорӣ ба манфиати рушди саноати ҳарду кишвар манфиатдор мебошанд.

www.egov.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ