13:48:46 01-уми Майи 2026 сол

Дар Исломобод густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид

Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Саидҷон Шафизода бо Котиби федералии мероси миллӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Раҳмон Гелонӣ дар Исломобод мулоқот намуд.

2 tajikistan pakistan 326554122Дар мулоқот масоили рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва бародарии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба масоили марбут ба густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар ду давлат, ҷашнвораҳои муштараки театрӣ ва синамоӣ, намоишгоҳҳои китоб, таҷлили муштарак аз бузургони илму адаб ва фарҳанги ду мамлакат табодули назар карданд.

Ҷонибҳо баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистонро омили таҳкимбахши риштаҳои дӯстию рафоқат арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом дода шуд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ