09:07:42 23-уми Январи 2026 сол

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидшавандаи Давлати Кувайт мулоқот намуд

9 декабр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидшаванда, иҷрокунандаи вазири молия, вазири давлатӣ оид ба умури иқтисодӣ ва сармоягузории Давлати Кувайт доктор Субайҳ Абдулазиз Абдулмуҳсин Ал-Мухайзим, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт мебошад, мулоқот намуд.

6 tajikistan qatar 8956547845Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти равобит дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ, инчунин пайгирии натиҷаҳои ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули афкор намуданд.     

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ