Соли 2025 суръати рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон 8,4 фоизро ташкил дод
Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон 176,9 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,1 фоиз, кишоварзӣ- 9,5 фоиз, гардиши савдо- 13,9 фоиз, мусофиркашонӣ- 10,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ- 13,2 фоиз, боркашонӣ- 15,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- 23 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус 11 феврал Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Соли 2025 дар соҳаи саноат барои ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидори нав, истифодаи пурраи иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойи нави кор тадбирҳо андешида шуданд.
Соли 2025 дар мамлакат 396 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо 2422 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 66,7 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 22,1 фоизро ташкил дод.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, вусъати кишту кор ва истифодаи самараноки заминҳо дар соҳаи кишоварзӣ чораҳои дахлдор амалӣ гардиданд. Дар натиҷа дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 84,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 9,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»
















