17:29:14 24-уми Апрели 2026 сол

Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд

Дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорк маросими расмии имзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои киберӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

onvensia smm 789854512Тавре ба мо аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, санади мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат имзо намуд.

Ҳуҷҷати имзошуда бо номи расмии – «Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди баъзе ҷиноятҳои муайяни бо истифода аз низоми иттилоотию коммуникатсионӣ содиршаванда ва дар мубодилаи далелҳои шакли электронии марбут ба ҷиноятҳои вазнин» то 31 декабри 2026 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид барои имзо боз буда, то имрӯз онро 75 кишвар имзо намудаанд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ