САРДОРИ ШБДА-И ШКД-И ТУРСУНЗОДА ДАСТГИР ШУД
Дар шӯъбаи пешгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ нисбати амали ғайриқонунии сардори шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии ШКД –и ноҳияи Турсунзода Ҷобиров Ҳамзаалӣ Абдулҳақович ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки номбурда аз соли 1993 дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт ва аз моҳи октябри соли 2009 ба ҳайси сардори шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии ШКД – и ноҳияи Турсунзода таъин шуда кор мекард.
Ҳ .А. Ҷобиров барои аз ҷаримагоҳи шӯъбачаи БДА – и ШКД – и ноҳияи Турсунзода баровардани автомашинаи тамғаи «Тико» , ки ба шаҳрванд «Ю» тааллуқ доштааст, 300 доллари амрикоӣ талаб кардааст.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ 24 –уми ноябри соли 2009 Ҳ .А. Ҷобиров ҳангоми гирифтани 200 доллари амрикоӣ дар утоқи кориаш аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ дастгир гардид. Кормандони Раёсати тафтишотии Агентӣ нисбати Ҳ .А. Ҷобиров аз рӯи моддаи 319 қ. 2 (гирифтани пора)- и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтмишот мебарад.
Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/1499-sardori-shbda-n-shkd-i-tursunzoda-dastgir-shud.html