13:12:45 02-уми Июни 2025 сол

ОТАШСӮЗӢ ДАР ТЕОТРИ МАЯКОВСКИЙ

Шаби гузашта дар теотри Маяковскийи шаҳри Душанбе оташсӯзие рух дода ва қисмате аз ин теотр сӯхтааст. Ба гуфтаи масъулони теотр, ин оташсӯзӣ дар ҳаволии соъати ду шаб шурӯъ шуда ва оташнишонҳо онро то ҳаволии соъати 7 субҳ хомӯш кардаанд.

 

Дар ин оташсӯзӣ касе осеб надидааст, вале қисмате, ки дар онҷо либосҳои теотрӣ нигоҳ дошта мешуданд, бакуллӣ сӯхта ва хароб шудааст. Як масъули умури оташнишонии шаҳри Душанбе ба Би-би-сӣ гуфт, ки онҳо иттилоъ дар мавриди оташсӯзиро дар соъати 3:36 дақиқаи шаб дарёфт карда ва тамоми ҳафт дастаи оташнишонии шари Душанбе дар хомӯш кардани оташ ширкат доштаанд. Фаъолияти оташнишонӣ ҳудуди чаҳор соъат идома доштааст.

 

Ба гуфтаи оташнишонҳо, дар ин ҳодиса ҳудуди 300 метри мураббаъ аз масоҳати теотрро оташ фаро гирифта буд. Аммо масъулони теотр мегӯянд ҳудуди 100 метри мураббаъ аз теотр сӯхтааст. Ҳамакнун кумисиюни вижае мураккаб аз мақомҳои вазорати фарҳанг ва масъулони ниҳодҳои дигари зидахл ба баррасии авомили ин ҳодиса машғуланд.

 

Зимнан, теотри Маяковский дар хиёбони Рӯдакӣ, дар ҳудуди 50-метрии қасри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст ва танҳо теотри русӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, Ин бино тақрибан 80 сол пеш, дар авоили аҳди Шӯравӣ, сохта шуда буд ва аз биноҳои таърихию фарҳангии он замон маҳсуб мешавад.

 

Ба гуфтаи Суҳроб Мирзоев, раиси теотри Маяковский, ҳамакнун ин теотр фаъолияти худро барои ду ҳафта ба таълиқ даровардааст. Аммо Абдуғаффор Абдуҷабборов раиси дафтари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, ки таҳияи либосҳои ҷадид барои ин теотр кори душворест ва шояд фаъолияти теотр то як сол мутаваққиф шавад.

 

Ба гуфтаи вай, танҳо барои таҳияи либосҳо барои як намоишнома то як моҳ вақт лозим аст. Дар солҳои ахир мавориди зиёде аз оташсӯзӣ дар шаҳри Душанбе сабт шудааст. Ахиран оташсӯзие дар тарабхонаи Аргилӣ, дар яке аз маҳаллоти марказии ин шаҳр, рух дод. Як моҳ пештар аз он, дар сохтмони Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, ки дар канори сохтмони порлумони ин кишвар воқеъ аст, низ оташсӯзие рух дода буд.

 

Аммо намунаи боризе аз ин гуна ҳаводис, оташсӯзии бузург дар сохтмони Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбест, ки 26 декабри 2007 рух дод. Дар асари ин ҳодиса сохтмони марказии ин донишгоҳ комилан хароб шуд.

 

Дар асари як оташсӯзӣ, ки 8 январи соли 2006 дар парваришгоҳи кӯдакони маълул дар хиёбони Шевченкои шаҳри Душанбе рух дод, 13 кӯдак ҷони худро аз даст доданд. Мавориди зиёде аз оташсӯзӣ дар бозорҳои Корвону Шоҳмансур ва манозили маскунии шаҳри Душанбе дар солҳои ахир сабт шудааст, ки ҳамвора хисороти иқтисодии зиёде ба дунбол доштааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/1591-2010-01-22-09-26-47.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854