15:47:11 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

ҲНИТ ХОҲОНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУН ДАР БОРАИ ДИН МЕБОШАД

  Рӯзи 11 апрели соли 2009 бо ибтикори ҲНИТ дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҳти унвони «Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»: андеша ва мулоҳиза» мизи гирд баргузор гардид, ки дар он раҳбарияти ҲНИТ, намояндагони бархе аз азҳоби сиёсӣ, рӯҳониёни расмии кишвар, ВАО, САҲУ ва ғайра ширкат варзиданд.

 

Дар оғози ин ҳамоиш Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ бо ибрози таассуф аз ширкат накардани намояндагони расмии мақомоти марбутаи кишвар дар ин мизи гирд изҳор дошт, ки бисёр аз нуктаҳои ин Қонун ба талаботи моддаҳои Қонуни асосии давлат, бархе аз қонунҳои ҷории кишвар ва асноди ҳуқуқии байналмилалӣ дар мухолифат мебошанд. Идомаи суханронии Муҳаммадалии Ҳаит ҳам бештар рӯйи ошкор сохтани ин ихтилофҳо миёни ин асноди ҳуқуқӣ ҷараён гирифт.

 

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократҳои Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов, ки ба ҳайси ҳуқуқдон сӯҳбат мекард, низ ба ин ақида буд, ки намояндагони халқ ҳини баррасии лоиҳаи Қонун дар Парлумон ба таври бояду шояд баҳсу мунозира накардаанд. Аз ин рӯ Қонуни мазкур аз лиҳози талаботи қонунбарорӣ сифатан баланд набудааст,ки мавриди интиқоди шадиди доираҳои ҳуқуқшиноси кишварҳои хориҷӣ, ба хусус мамолики ғарбӣ қарор гирифтааст.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ин шакл қабул шудани Қонуни мазкурро аз сӯйи мақомоти қонунбарорӣ «хатои ҷиддӣ ва рӯзи қабули онро барои Тоҷикистон рӯзи фоҷиа» номид. Дар баробари ин ӯ ширкаткунандагони ин ҷамъомад даъват намуд, ки ба эҳсосот дода нашуда баҳри ворид кардани тағйиротҳои зарурӣ ба ин Қонун талошҳои қонунӣ ба харҷ бидиҳанд.

Дар ҳамин ҳол Давлати Усмон, корманди Институти фалсафаи Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки аз мӯҳтавои қонуни нави дин «бӯйи тундгароии дунявии солҳои 90-уми асри гузашта ба машом мерасад». Ба қавле ӯ ҳар навъи тундгароӣ, хоҳ дунявӣ бошад, хоҳ динӣ хеле бад аст ва яке аз омилҳои асосии бурузи бесуботӣ дар ҷомеъа шуда метавонад.

Дар сӯҳбати мизи гирд инчунин Саидумар Ҳусайнӣ- муовини аввали раиси ҲНИТ, Саидиброҳими Муҳаммадназар- узви Шӯрои Сиёсии ҲНИТ, Зубайдуллоҳи Розиқ- масъули идораи табъу нашри ҲНИТ, Мамлакат Ҷайчиева- узви Ҳизби демократи Тоҷикистон, Қобилҷон Боев- мудири шӯъбаи фатвои Маркази Исломии Тоҷикистон, Зарафои Раҳмонӣ- узви раёсати шӯрои олии ҲНИТ, Фаридун Ҳодизода- ҳамоҳангсози барномаи «Муколимаи дунявӣ ва исломӣ» ва боз чанд нафари дигар суханронӣ намуда нуқтаи назари хешро дар бораи Қонуни мазкур ва вокуниши ҷомеъа атрофи он пешкаши ҳозирин карданд.

Дар хотимаи ин ҷамъомад ширкаткунандагони он ба хулосае омаданд, ки Қонуни мазкур ниёз ба он дорад, ки ба бархе аз бандҳои он тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. Пешниҳод шуд, ки таҳияи лоиҳаи ворид кардани тағйироту иловаҳоро ба Қонуни мазкур вакилони ҲНИТ дар Маҷлиси Намояндагон ба ӯҳда гирифта бо истифода аз ваколатҳои хеш дар Парлумон онро барои муҳокима пешкаши ин органи қонунбарори кишвар намоянд.

«Рӯзгор»

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi