БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БА ГУМОНИ ҚАТЛИ ҲАМСАРАШ
Бар асоси иттилоъи бахши Вазорати кишвар ё умури дохилаи Тоҷикистон, як зан ба гумони қатли шавҳараш дар устони Суғд, дар шимоли ин кишвар, боздошт шудааст.
Кормандони додситонӣ дар устони Суғд дар мавриди қатли Мирзохӯҷа Ниёзови 66-сола, сокини ин вилоят, парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқотро идома медиҳанд. Тавре ки як манбаъ аз бахши умури дохилаи устони Суғд гуфт, баъд аз зӯҳри рӯзи душанбеи 22 феврал Раъно Ниёзова, сокини 43-солаи ноҳияи Спитамен ба пулис хабар дода, ки афроди номаълум ба манзилаш ворид шуда ва шавҳарашро бо зарби чоқу аз пой дароварда аз манзилашон фирор кардаанд.
Кормандони интизомӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса ба манзили Ниёзов рафта ва бозрасон баъд аз анҷоми таҳқиқоти муқаддамотӣ хонум Ниёзоваро ба занни даст доштан дар ин ҷурм боздошт кардаанд. Гуфта мешавад дар се моҳи ахир дар устони Суғд ҷароими марбут ба қатл афзиош ёфтааст. Қаблан кормандони интизомии ин вилоят аз қатли се модар тавассути фарзандонашон хабар дода буданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/news/13-news/1806-2010-02-23-17-10-00.html