ДАЪВОИ БЕАСОСИ МАРЗБОНОНИ ӮЗБЕКИСТОН
Сайтҳои интернетии Русия ва Тоҷикистон 2 март хабар доданд, ки 1 марти соли равон дар ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд марзбонони ӯзбек 30 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷурми ғайриқонунии гузаштаи онҳо аз сарҳади давлатии Ӯзбекистон дастгир намудаанд.
Аз ҷумла, намояндаи дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Раззоқ Шоимардонов изҳор намуд, ки сарҳадшиканон ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида шуданд ва рӯзҳои наздик аз қаламрави мамлакат ронда хоҳанд шуд. Ба қавли Р.Шоимардонов, шахсони дастгиршуда пеш аз ин ҳам аз гузаргоҳҳои қонунии сарҳадӣ ба қаламрави Ӯзбекистон гузашта, барои таъмини рӯзгорашон маводи хӯрокаи зарурӣ харид мекарданд.
Вай таъкид кард, ки одамони дастгиршуда бо сабаби як ҳафта боз баста будани гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон ночор аз сарҳади давлатии Ӯзбекистон гузаштаанд.
Вале сардори дафтари матбуоти Раёсати умумии артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев хабари мазкурро рад намуд. Вай зикр кард, ки даъвои ҷониби Ӯзбекистон ягон асоси воқеӣ надорад.
Наталя Михайлова, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/news/13-news/1862-2010-03-04-04-12-09.html