САРОЯНДАИ ТОҶИК - СӮҲРОБИ САФАРЗОД ДАРГУЗАШТ
Сӯҳроби Сафарзод, овозхони соҳибистеъдоди тоҷик рӯзи ҷумъаи 10-уми декабр дар синни 30 солагӣ, бар асари сактаи дил дар бемористони Қаряи Болои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аз олам даргузашт. Сӯҳроби Сафарзод бо таронаҳои эстрадияш дар миёни ҷавонон маъруф буд.
Ин овозхон бо иҷрои сурудҳои сабки муинӣ дар миёни мухлисону ҳаводоронаш маъруфу маҳбуб гашта буд. Зеро вай аз муваффақтарин хоннадаҳои таронаҳои сабки Муин, овозхони эронӣ, дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ин буд, ки зимни сафари Муин ба Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта, дар консерти вай дар толори Кохи Борбади шаҳри Душанбе бо ҳам суруд хонданд. Сӯҳроби Сафарзод, дар умри кӯтоҳи худ ду албоми суруду таронаҳо, ки яке аз онҳо нотамом аст, барои мухлисонаш тақдим кард.
Ба хусус сурудаҳои ӯ, «Шабҳо», «Дори нигоҳ», «Ёди ту», «Панҷара», «Ту азизи диламӣ», ки бо маҳорати хоси суруда шудаанд, дар миёни шунавандагону мухлисонаш аз маҳбубияти вижае бархӯрдоранд. Ҳатто бисёре аз ҳаводоронаш гоҳ-гоҳе ин сурудҳоро бо шеваи муинӣ зам-зама мекунанд. Ҷасади Сӯҳроби Сафарзод дар зодгоҳаш шаҳри Душанбе ба хок супурда мешавад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3826-2010-12-10-10-17-07.html
Шарҳҳо
RSS Обуна