07:20:38 08-уми Июни 2025 сол

САРОЯНДАИ ТОҶИК - СӮҲРОБИ САФАРЗОД ДАРГУЗАШТ

Сӯҳроби Сафарзод, овозхони соҳибистеъдоди тоҷик рӯзи ҷумъаи 10-уми декабр дар синни 30 солагӣ, бар асари сактаи дил дар бемористони Қаряи Болои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аз олам даргузашт. Сӯҳроби Сафарзод бо таронаҳои эстрадияш дар миёни ҷавонон маъруф буд.

 

Suhrobi SafarzodИн овозхон бо иҷрои сурудҳои сабки муинӣ дар миёни мухлисону ҳаводоронаш маъруфу маҳбуб гашта буд. Зеро вай аз муваффақтарин хоннадаҳои таронаҳои сабки Муин, овозхони эронӣ, дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт.  Ин буд, ки зимни сафари Муин ба Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта, дар консерти вай дар толори Кохи Борбади шаҳри Душанбе бо ҳам суруд хонданд. Сӯҳроби Сафарзод, дар умри кӯтоҳи худ ду албоми суруду таронаҳо, ки яке аз онҳо нотамом аст, барои мухлисонаш тақдим кард.

 

Ба хусус сурудаҳои ӯ, «Шабҳо», «Дори нигоҳ», «Ёди ту», «Панҷара», «Ту азизи диламӣ», ки бо маҳорати хоси суруда шудаанд, дар миёни шунавандагону мухлисонаш аз маҳбубияти вижае бархӯрдоранд. Ҳатто бисёре аз ҳаводоронаш гоҳ-гоҳе ин сурудҳоро бо шеваи муинӣ зам-зама мекунанд. Ҷасади Сӯҳроби Сафарзод дар зодгоҳаш шаҳри Душанбе ба хок супурда мешавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3826-2010-12-10-10-17-07.html

Шарҳҳо   

 
+1 #3 Guest 13.12.2010 04:52
Худо рахмат кунаша бехад сурудои нагз мехонд
 
 
+1 #2 Guest 13.12.2010 04:48
Худо рахмат кунаша бехад сурудои нагз мехонд
 
 
+1 #1 Guest 10.12.2010 15:35
Худованд биёмурздат Сухроб. Дуо мекунем, ки Худованд хонаи охирататро обод гардонад. Ва ба тамоми бозмондагони ишон сабри чамил хохонам.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854