23:55:22 05-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ УСТОД КАМОЛИДДИНИ АЙНӢ

Камолиддини Айнӣ, донишманди маъруф ва фарзанди Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, дар синни 83-солагӣ дар асари бемории қалб дарузашт. Субҳи рӯзи якшанбеи 15 август садҳо нафар аз фарҳангиёни тоҷик, мақомоти давлатӣ, наздикону пайвандони ӯ ва дӯстдорони адабиёт дар маросими сугвории вай дар масҷиди Маркази исломии Тоҷикистон ширкат карданд.

 

Сипас, ҷанозаи вай дар боғи Садриддин Айнӣ, воқеъ дар шимоли шаҳри Душанбе, дар наздикии мақбараи падараш ва дуруст дар канори гӯри Муҳаммадҷон Осимӣ, донишманди фақиди тоҷик, ба хок супурда шуд. Камолиддини Айнӣ аз пажӯҳишгарони саршиноси мутуни клосикӣ ва фарҳангу таърих ва адаби форсӣ маҳсуб мешавад. Вай ҳамчунин аз бунёдгузорони анҷумани форсизабонони ҷаҳон ба номи "Пайванд" буд, ки дар ҳамоишҳои мухталифе донишмандону фарҳангиёни форсизабонро гирдиҳам овардааст.

 

Камолиддини Айнӣ дар 15 майи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд дар хонаводаи Садриддин Айнӣ, нависандаи маъруф, ки аз ӯ ба унвони сардафтари адабиёти навини Тоҷикистон ном мебаранд, мутаваллид шуд. Вай дар соли 1949 аз бахши ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Сан-Питерзбург фориғуттаҳсил шуд ва дар солҳои 1953-55 аввалин мудири шӯъбаи дастнависҳои шарқии вобаста ба раёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон буд.

 

Камолиддини Айнӣ дар тӯли солҳои мухталиф дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт ва дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва осори хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон фаъолият кардааст. Вай дар таҳқиқ ва пажӯҳиши осори бузургони адабиёти форсӣ, монанди Рӯдакӣ ва Хайём, Фирдавсӣ ва Ҷомӣ, Сино ва Носири Хисрав, Ҳилолӣ, Восифӣ, Фахриддини Гургонӣ ва дигарон нақши муассире доштааст.

 

Аз муҳиммтарин корҳои ӯ мушорикаташ дар таҳияи матни нӯҳҷилдаи "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, тадвини осори мунтахаби панҷҷилдии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва нашри осори Садриддин Айнӣ, падараш, маҳсуб мешавад. Вай мақолоте дар бораи достони "Лайлӣ ва Маҷнун"-и Бадриддини Ҳилолӣ, қасида дар осори Рӯдакӣ, Камолиддини Беҳзод, наққоши маъруф, девони Хоҷуи Кирмонӣ ва рисолаҳое низ дар бораи Бадриддини Ҳилолӣ ва "Шаҳриёрнома"-и Мухтори Ғазнавӣ интишор додааст. Бархе аз ин рисолот ва мақолаҳо ба забонҳои инглисиву русӣ, ва бархе ҳам ба хатти форсӣ дар Эрон мунташир шудаанд.

 

Он гуна ки дар "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик" омадааст, вай дар таҳия ва чопи осори шоъирону адибони гузашта, монанди Носири Хисрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Умари Хайём ва Сино бо ҳамроҳи дигар пажӯҳишгарон саҳм гузоштааст. Камолиддини Айнӣ матнҳои интиқодии бархе аз китобҳои қадимӣ, монанди "Ҳумой ва Ҳумоюн" (1969), "Гул ва Наврӯз" (1972) аз Хоҷуи Кирмониро таҳия кард ва дар таҳияи матнҳои "Вис ва Ромин" аз Фахриддини Гургонӣ (1970), "Бадоеъ-ул-вақоеъ" аз Зайниддини Восифӣ (1970) бо пажӯҳишгарони дигар ҳамкорӣ кардааст.

 

Вай китобе ҳам ба номи "Корномаи Айнӣ" дар соли 1978 дар бораи падараш навишта ва яке аз муаллифони китоби дарсии "Адабиёти тоҷик" барои синфи нӯҳуми мактабҳои миёна (1957-70) мебошад. Мӯъмин Қаноъат, шоъири маъруф, мегӯяд, ки Камолиддини Айнӣ давомдиҳандаи кори падараш буд ва фаъолияти илмию адабии вай идомаи мактаби илмию адабии Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Бобоҷон Ғафуров, се шахсияти маъруфи адабиёт, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон, аст.

 

Вай дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Камол Айнӣ дар омӯзиш, таҳия ва ба чоп омода кардани осори устод Айнӣ, аз бойгонии устод Айнӣ ва осори чопшудаашон, саҳми бузурге гузоштанд, ки ҷилдҳои зиёде бо таҳрири нав, бо тасҳеҳ ва коркарди нав ба чоп расиданд,"

 

"Аз ҳама муҳимтар, дар илм, дар таҳқиқоти илмии худашон кашфиёти бузурге доранд, дар омӯзиши адабиёти қарни 15, мактаби адабии Ҳирот, таъсири тариқати нақшбандия (яке аз ҷараёнҳои тасаввуф) дар мактаби адабии Ҳироту Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиву Мир Алишери Навоиву дигарон нақши боризе доштанд."

 

Ба ҷуз китобҳо ва таълифоти зиёди адабӣ Камолиддини Айнӣ ҳамчунин ду фарзанд, як духтару як писар, аз худ боқӣ гузоштааст, ки ҳарду низ дар заминаҳои мухталиф донишмандони варзидае мебошанд. Худи Камолиддин танҳо фарзанди Садриддин Айнӣ набуд. Хоҳари вай ба номи Лутфия Айнӣ ҳам пажӯҳишгар буда ва имрӯзҳо дар яке аз маҳаллот дар маркази шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2896-2010-08-15-10-08-29.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854