БАРОДАРИ ҒАФФОР МИРЗОЕВ ФИРОР КАРДААСТ?
Бино ба хабарҳои расман тасдиқношуда, як гурӯҳи маҳбусон, бо шумули Абдурасул Мирзоев, аз боздоштгоҳи фирор кардаанд. Ин хабарро як манбаъ дар Раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба Озодӣ тайид кардааст. Бино ба иттилои ин манбаъ дар Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, шаби якшанбе ба душанбе Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентии Тоҷикистон (ҳоло Горди миллӣ) аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи миллии амнияти Тоҷикистон, ҳамроҳ бо беш аз 30 нафар фирор кардааст.
Ин корманди Раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон, ки ба шарти набурдани номаш сӯҳбат кард, афзуд, ки дар шаҳр хабар паҳн шудааст, ки аз маҳбаси раёами аввали пойтахт ин афрод фирор кардаанд, асосе надорад, балки онҳо аз СИЗО-и кумтаи амнияти миллӣ гурехтаанд. Вай гуфт, ки дар бораи ҷузъиёти бештар иттилоъ дода наметавонад.
Бино бар маълумоти манобеъи дигар, ҳамроҳ бо Абдурасул Мирзоев 24 нафар аз 46 нафаре, ки ахиран дар чаҳорчӯби парвандаи рӯйдодҳои Тавилдара ҳукми зиндон гирифтанд, низ фирор кардаанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта 44 нафарро бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои тобистони соли гузашта дар Тавилдара ба мӯҳлати аз 10 то 30 сол ва 2 тани дигар аз онҳоро барои умрбод маҳкум ба зиндон кард.
Дар ҳоли ҳозир, барои боздошти Ҳоҷӣ Абдурасул Мирзоев ва ҳамроҳонаш гуруҳи ҷустуҷӯӣ ва назоратии вазорати умури дохила бо Кумитаи амнияти милии басиҷ шудааст. Дар пойтахт, шаҳри Душанбе ва роҳҳои атрофи шаҳр посгоҳҳоро башиддат тақвият додаанд ва тамоми мошинҳоро тафтиш мекунанд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабареро, ки гӯё ҳангоми фирори ин афрод панҷ посбони СИЗО кушта шудааст, тасдиқ накард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи горди президенти Тоҷикистонро рӯзи 20 июли соли ҷорӣ ба муддати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Ӯ дар талоши барои табадуллоти давлатӣ, нигаҳдории силоҳ ва бархе дигар амалҳои ғайриқонунӣ муҷрим дониста шуд.
Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ ва раиси собиқи Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, дар таърихи 12 январи соли равон аз Дубай ба Душанбе истирдод шуд.
Мақомоти Тоҷикистон Абдурасул Мирзоевро дар як силсила ҷиноёти сангин муттаҳам карда, қаблан се корхонаи марбут ба ӯ - корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи “Ҷоми Ҷамшед” ва мағозаи “Кооператор”-и шаҳри Кӯлобро давлатӣ карданд. Худи Ғаффор Мирзоев дар соли 2004 боздошт шуда, соле баъд ба ҳабси абад маҳкум шуд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2949-2010-08-23-04-53-57.html