"ФИРОРИ ЗИНДОНИЁН - ҚАЗИЯЕ БАЙНАЛМИЛАЛИСТ"
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ дар Русия ва Афғонистон дархости мусоъидат дар боздошти фирориёни зиндонӣ кардааст. Зеро ба гуфтаи Қосим Ғаффоров, муъовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар миёни 25 нафаре, ки аз боздоштгоҳи ин кумита фирор кардаанд, шаҳрвандони Русия ва Афғонистон низ ҳастанд.
Ба эҳтимоли зиёд сухан дар бораи муқассирони парвандаи марбут ба даргириҳои Тавилдара меравад, ки дар миёни онҳо шаш шаҳрванди Русия низ будаанд, ки ҳафтаи гузашта тавассути Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба давраҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Президент Раҳмон дар робита ба ҳодисаи фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ҷаласа барпо кардааст.
Тибқи иттилоъи маркази матбуъотии дафтари раёсати ҷумҳурӣ афроди фирорӣ ба аъмоли терруристӣ, қочоқи маводди мухаддир ва кушиши кудето муқассир дониста шуда буданд. Қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи вобаста ба ин кумита дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Тибқи баёнияи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон соъати 22:10 шоми якшанбе, 25 зиндонии боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе "бо истифода аз бемасъулиятии маъмурони боздоштгоҳ, ба онҳо ҳамла карда ва аслиҳаи онҳоро забт кардаанд." Дар ин ҳодиса як нафар аз маъмурони зиндон кушта шуд.
Бар асоси ин хабар 23 август, соъати 01:23 субҳ зиндониён "бо тағйири либос" ба посгоҳи боздоштгоҳ ҳамла карда ва дар ин даргирии мусаллаҳона боз чаҳор маъмури дигари боздоштгоҳ кушта шуданд. Баёнияи Кумитаи амният меафзояд "Онҳо савор ба утумубилҳо ба тарафи номаълум фарор кардаанд."
Нерӯҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон ба гуфтаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар ба ҳолати омодабош дароварда шуда ва ҳоло амалиёти ҷустуҷӯи ин афрод ҷараён дорад. Ин манбаъ мегӯяд, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ҷустуҷӯ ва боздошти фирориён, гурӯҳи вижаи зудамали таҳти назорати Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи ин кишвар таъсис шудааст.
Қабл аз пахши ин баёния, як манбаъи амниятӣ гуфт, ки ин гурӯҳ ба шарқи Тоҷикистон фирор кардаанд, вале дар куллия манотиқи кишвар омодагӣ барои амалиёти боздошти онҳо шурӯъ шудааст. Дар ҳамин ҳол, аз шарқи Тоҷикистон хабар мерасад, ки посгоҳҳои пулис дар навоҳии Файзобод ва Нуробод аз сӯи гурӯҳе номаълум мавриди шиллики гулула қарор гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол хабарҳои расман таъйиднашуда, ҳокӣ аз ин ҳастанд, ки гурӯҳи фирориён умдатан муташаккил аз ҷонибдорони Мирзо Зиёев ҳастанд, ки дар авохири ҳафтаи гузашта аз сӯйи Додгоҳи олӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.
Расонаҳо бо истинод ба манобеъе, ки аз бурдани номи худ худдорӣ кардаанд, хабар додаанд, ки дар миёни ин фарориён писарони Мирзо Зиёев, ки моҳе қабл ба 28 ва 30 соли зиндон маҳкум шуда буданд, бародарони Неъмат Азизов, шаш шаҳрванди Русия ва чаҳор шаҳрванди Афғонистон, ки рӯзи ҷумъаи гузашта аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуда буданд, низ ҳастанд.
Аз сӯйи дигар, гуфта мешавад, ки Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, ки ахиран аз сӯйи додгоҳ ба 30 сол зиндон маҳкум шуда буд, низ фирор кардааст. Вале, ҳуввияти фирориёни зиндонӣ ҳануз расман эълом нашудааст. Як мақоми пулис дар сӯҳбати ғайрирасмӣ гуфт, ки ҳарчанд нерӯҳои зирбат барои амлиёти боздошт дар куллия манотиқи Тоҷикистон омодагӣ мебинанд, вале тамаркуз бештар ба минтақаи Рашт хоҳад буд.
Дар сурати ошкор шудани маҳалли фирориён, ниҳодҳои интизомӣ дастури нобудсозии онҳоро гирифтаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз ташдиди ҳифозат аз марзҳои ин кишвар хабар медиҳанд. Ба эътиқоди коршиносон ба эхтимоли зиёд ин гурӯҳи 25 нафарӣ талош хоҳад кард, ки ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор кунад.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи вазорати дифоъ аз интиқоли нерӯҳо ба шарқи Тоҷикистон қабар доданд. Вале ба гуфтаи онҳо ин амалиёте дар доираи фаъолияти маъмулии онҳо будааст ва ба ҳодисаи фирори зиндониён рабт надоштааст. Фирори ҳудуди 25 зиндонӣ аз боздотгоҳ дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта ҳодисаҳои фирори як ё ду зиндонӣ мушоҳида мешуд, вале ниҳодҳои интизомӣ ба зудӣ онҳоро боздошт ва дубора зиндон мекарданд.
Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар маркази пойтахти кишвар ва наздикии манзили раиси ҷумҳури Тоҷикистон воқеъ аст, дар замони шӯравӣ сохта шудааст ва давлат тасмим гирифтааст макони онро ба маҳалле берун аз шаҳр таҳвил бидиҳад. Вале ба далели камбуди маблағ иҷрои ин тарҳ то ҳол оғоз нашудааст.
Ҳоло дар ин боздоштгоҳ Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди Миллӣ, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст ва Ёқуб Салимов, вазири пешини кишвар, ки барои 15 сол маҳкум ба зиндон шудааст, ба сар мебаранд. Манобеъи интизомӣ мегӯянд, ки ин ду нафар дар гурӯҳи фирориёни зиндониён шомил нестанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2952-q---q.html