14:01:18 02-уми Июни 2025 сол

РУСИЯ ДАР ҶУСТУҶӮИ МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ ҲАМКОРӢ МЕКУНАД

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба ниҳодҳои зирабти кишвараш дастур додааст, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи маҳбусони фироркарда ҳамкорӣ намоянд. Шаби якшанбе ба душанбе 25 нафар маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Душанбе баъд аз куштани 5 нафар зиндонбон фирор намуданд. Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия, гуфтааст, ки Маскав ба мақомоти Тоҷикистон барои боздошти маҳбусони фироркарда кӯмак хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ба сохторҳои қудратии кишвар амр кардааст, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ ва дастгир кардани маҳбусони фироркарда ҳамкорӣ намоянд.

 

"Фирор аз маҳбас"

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ зимни нашри як баёнияи матбуотӣ эълон доштааст: "Рӯзи 22 августи соли 2010, соати 22-10 дақиқа гурӯҳи ҷинояткорон, ки дар маҳбасхонаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳ дошта мешуданд, дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва ба вазифаҳои хеш хунукназарона муносибат кардани нозирони маҳбасхона яроқҳои онҳоро тасарруф намуда, ба онҳо ҳуҷум намуданд. Дар натиҷа яке аз нозирони маҳбасхона кушта шуда, 25 нафар маҳбусони яроқнок либосҳои худро бо либосҳои ҳарбии саҳроӣ иваз намуда, аз маҳбасхона фирор намуданд.

 

Соатҳои тақрибан 01-10 дақиқаи рӯзи 23 август ин гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон ба дидбонгоҳҳои маҳбасхонаи тафтишотии Вазорати адлия ҳуҷум намуда, 4 нафар нозиронро ба қатл расонида, бо истифода аз нақлиёти автомобилӣ ба самти номаълум ғайб заданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ баҳри муайян кардани самти ҳаракат ва дастгир кардани ин гурӯҳи ҷинояткор ҳайати шахсии худро ба ҳолати омодабош гузаронида, тадбирҳои бетаъхири фаврӣ-ҷустуҷӯӣ андешида истодаанд».

 

Ба думболи ин баёния, раҳбарияти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зимни баргузории як нишасти кӯтоҳи хабарӣ ҳодисаи сарзадаро як иттифоқи фаромиллӣ унвон кардааст. Қосимҷон Ғаффоров, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст: "Таҳлил нишон медиҳад, ки ҷинояти мазкур, (яъне фирори зиндониён) характери трансмиллӣ дорад".

 

Ӯ ҳамчунин аз маҳбусон Насриддинов Иброҳим, зодаи ноҳияи Румӣ, Ахмедов Магомед, шаҳрванди доғистонитабори Русия ва Азизов Ҳикмат, зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба унвони созмондиҳандагони фирори зиндониён ном бурдааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2954-2010-08-24-03-02-50.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854