18:54
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Назарсанҷӣ

Ба ақидаи Шумо дар пиёда кардани сиёсати хориҷии хеш ҳукумати Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ба кадоме аз ин се кишвари абарқудрати ҷаҳон таваҷҷӯҳ ва майли бештар дошта бошад:
 

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
ТАРКИШ ДАР ДИСКОТЕКАИ "ДӮСТӢ"
Хабар - Хабар
06.09.2010 10:38

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таркиш дар дискоклуби "Дӯстӣ" дар шаҳри Душанберо ҳамлаи террористӣ унвон кард. Дар натиҷаи таркиши бомбаи худсохта дар ин тафреҳгоҳи ҷавонон 7 нафар захмӣ шудаанд, ки вазъи 2 тани онҳо сангин шумурда мешавад. Дар ҳоле ки хабаргузории "Авеста" ба нақл аз Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ин воқеаро ҳамлаи ҳадафмандонаи террористӣ меномад, намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, инфиҷор дар натиҷаи беэҳтиётӣ бо абзори протехникӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

 

Ин манбаъ гуфт, ки бар асари таркиш 6 нафар захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфтаанд. Шоймуродов, навбатдори Вазорати умури дохилӣ, дар сӯҳбати телефонӣ ба Озодӣ гуфт, аз сабаби ин ки мизҳои дискоклуб шишагӣ будаанд, ҳангоми таркиши абзори пиротехникӣ аз ҳам пошида, ба 6 нафар дар ин клуб зиён расонидаанд.

 

Соати 2-и шаб, замоне ки мо ба ҷои ҳодиса рафтем, гурӯҳе аз маъмурони пулис атрофи дискоклубро муҳосира карда буданд. Дар саҳни ҳавлии дискоклуб як мошини навбатдори милиса ва як мошини ёрии таъҷилӣ ҳам буд. Чанд тан аз сарбозон ва мошинаи навбатдори фаврии Вазорати мудофиа низ дар назди дискоклуб, ки дар сари роҳ ҷой гирифтааст, меистоданд.

 

Бо ин вуҷуд, маъмурони пулис аз додани ҳар гуна иттилоъ худдорӣ намуданд ва ҳатто мавриди таркиш дар бинои дискоклубро ба навъе инкор карданд. Яке аз онҳо гуфт, ки ягон рӯйдоди муҳиме сар назада, балки дар дискоклуб байни ҷавонҳо даргирӣ ба вуқӯъ пайвастаасту халос. Вале дар айни замон ин маъмурони пулис, ки теъдодашон ба даҳ нафар мерасид, нагузоштанд, ки мо аз наздик ҷои таркишро бубинем ва наворбардорӣ кунем.

 

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи яке аз пизишкони бахши қабул дар бемористони маҳаллаи мавсум ба «1-ум Советский», онҳо дар соатҳои аввалияи инфиҷор, се нафар аз захмиёнро, ки гуфта мешавад раҳгузар будаанд, қабул намуда баъдтар онҳоро ба бемористони Қарияиболо интиқол додаанд. Хабарнигори мо, ки субҳи имрӯз аз маҳалли ҳодиса дидан намудааст мегӯяд, ки бинои дискотека осеби зиёд надидааст ва мақомоти интизомӣ ҳоло маҳалли ҳодисаро иҳота намуда монеъи вуруди мардум ба онҷо мешаванд.

 

Аммо ронандагони таксиҳои назди дискоклуб, ки шоҳидони ҳодиса будаанд, иқрор карданд, ки дар нимаи аввали шаб дар «Дӯстӣ» таркише ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар пайи он мошинҳои ёрии таъҷилӣ чанд нафарро бо худ бурдаанд. Бо ин вуҷуд, вазъият ором буд. Ба назар мерасид, ки манзилҳои атрофи бинои дискоклуб осебе надидаанд. Мардуми бештаре ҳам дар кӯча гаштугузор намекарданд. Як сокини минтақа гуфт, садои баланде ва баъд аз чанд фосила ожир ё сигнали мошинҳои ёрии таъҷилиро шунидааст

 

Тамосҳои пайвастаи мо ба навбатдори Вазорати умури дохилӣ барои рӯшан кардани натиҷаи ин таркиш тақрибан бидуни натиҷа анҷом меёбад. Зеро онҳо низ мегӯянд, ки ҳанӯз пайомад ва хисороти ин таркиш баровард нашудааст ва ҳанӯз маълум нест, ки ин таркиш аз таҷҳизоти газӣ ба вуқӯъ омада ё нафаре маводди мунфаҷираро тарконидааст.

 

Ин таркиш ду рӯз пас аз таркиши дигаре дар шимоли кишвар, шаҳри Хуҷанд садо дод. Субҳи рӯзи ҷумъа мошини бомбагузоришуда аз дарвозаи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои соозмонёфта ворид гашта, дар саҳни он мунфаҷир гашт, ки бар асари ин воқеа худи ҳамлагар ва 2 корманди милиса кушта шуда, 26 маъмури дигари милиса ва 2 нафари мулкӣ ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.

 

Каюмарси Ато, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3052----qq.html

 

Миқдори нигориши мавод: 656

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh