01:06:59 03-уми Июни 2025 сол

ИСТЕЪФОИ ҲИММАТЗОДА ПАЗИРУФТА ШУД

 

 

Дархости Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар мавриди қатъ кардани ваколаташ Дар Маҷлиси намояндагон пазируфта шуд. Истеъфои ӯ дар иҷлоси порлумон бе ҳеч баҳсу баррасӣ ва бо аксари раъйи вакилон тасвиб шуд. Гуфта мешавад, ки Муҳаммадшариф Ҳимматзода ахиран зимни дидору гуфтугӯ бо ҳайъати порлумонӣ ба раҳбарии Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи сохтори давлатии Маҷлиси Намояндагон бори дигар ҷиддӣ ва ниҳоӣ будани тасмимашро эълом доштааст.

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ ният дорад, дар чанд рӯзи оянда шахсеро аз феҳристи ин ҳизб ҷойгузини Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар порлумон кунад. Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ нафари сеюм дар феҳристи ҳизбӣ ба унвони намояндаи порлумон ба Комисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бояд муаррифӣ шавад.

Ба гуфтаи онҳо, раъйдиҳандагон дар интихоботи порлумонӣ на ба номзади мушаххас, балки ба феҳристи ҳизбӣ раъй додаанд.

Зимнан, Муҳаммадшариф Ҳимматзода бо ирсоли номае аз Маҷлиси Намояндагон ва Комисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта истеъфо хоста буд.

Дар ин нома далели ин тасмим ба чопи матлаби интиқодии вай дар матбуот дар мавриди нукоти қонуни ҷадиди "Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва дар пайи он ба дастури раиси Маҷлиси Намояндагон маҳрум шудани ӯ аз имтиёзҳои намояндагӣ марбут дониста шуда буд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854