20:23:55 22-уми Майи 2025 сол

ТАРКИШ ДАР ХУДРАВИ КОРМАНДИ ПУЛИС ДАР МУРҒОБ

Автомашинаи шахсии ваколатдори бахши ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Мурғоб Маҳкам Лашкарбеков аз ҷониби ашхоси номаълум тарконида шудааст. Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Мурғоб Фарҳат Муллоев бо таъиди ин хабар гуфт, ки ҳодиса соати 5-и субҳи рӯзи 15-уми октябр рух додааст.

 

khabar

Вай афзуд, ки автомашинаи ваколатдори шӯъбаи корҳои дохила, ҳини рух додани  ҳодиса дар назди манзили истиқоматияш қарор доштааст. Ҷаноби Муллоев гуфт, бар асари таркиш касе осеб надидааст, вале автомашина хароб  ва аз зарби таркиш шишаҳои манзилҳои наздик ба ҷои воқеъа фурӯ рехтаанд. Гуфта мешавад ин ҳодиса шояд ба фаъолияти касбии ҷаноби Лашкарбеков рабт дошта бошад. Ба гуфтаи навбатдори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Мурғоб, дар ҳоли ҳозир дар мавриди ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз шудааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/news/13-news/3362-2010-10-16-08-30-44.html 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ