06:33:28 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚАТЛИ ДУ ФАРДИ МУСАЛЛАҲ, АЗ ҶУМЛА ЯК ЗАН, ДАР ИСФАРА

Ду мазнун ба узвияти Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар шимоли Тоҷикистон кушта шудаанд. Ба гуфтаи манобеъи амниятӣ, яке аз ин афрод зане ба номи Мухтасар Мирамонова аст, ки 25 сол дошта ва зимни муқовимати мусаллаҳона бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудааст. Фарди дигар ба номи Насимҷон Акрамов низ ҷавоне 25-сола будааст.

 

Амалиёти нерӯҳои амниятӣ рўзи панҷшанбеи 21 октябр дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, анҷом шудааст. Мақомот мегӯянд қатли зане мусаллаҳ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шимоли Тоҷикистон бесобиқа будааст. Ба иттилоъи манобеъи амниятӣ дар устони Суғд, ин ду нафар дар ҷараёни амалиёт "бо нерўҳои интизомӣ ва амниятӣ муқовамати сахт ва мусаллаҳона нишон дода ва дар асари оташи ҷавобӣ дар ҷойи ҳодиса кушта шудаанд."

 

Ҳамчунин, гуфта мешавад ҳангоми бозрасии маҳалли амалиёт дар минтақаи Чилдухтарони Исфара миқдоре муҳиммоти ҷангӣ ва маводди мунфаҷира дар он ҷо кашф ва мусодира шудааст. Чанд рўз қабл нерӯҳои интизомӣ ва амниятии вилояти Суғд дар як амалиёт 14 нафарро дар шаҳри Истаравшан боздошт карда буданд.

 

Юсуф Раҳмонов, додситони устони Суғд, дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфта буд, ки афроди боздоштшуда дар созмондиҳии ҳамлаи интиҳории авоили моҳи гузашта ба як сохтмони пулис дар шаҳри Хуҷанд гумонбар ҳастанд. Оқои Раҳмонов аз ироаи ҷузъиёти бештари ин хабар худдорӣ карда гуфта буд, ки "аз ҷумла, аз хонаи як тан аз боздоштшудагон дар шаҳри Истаравшан чанд адад муҳиммоти ҷангӣ ва маводди мунфаҷира ёфт шуд."

 

Пештар бархе аз расонаҳо дар истинод ба манобеъи додситонии устони Суғд навишта буданд, ки панҷ тан аз афроди боздоштшуда дар шаҳри Истаравшан аъзои гурӯҳи ношинохташудаи "Ҷамоъати Ансуруллоҳ" ҳастанд, ки гӯё як шохаи Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) будааст. Вале мақомоти додситонӣ бо пахши як баёния ин хабарро рад карданд.

 

Мақомоти додситонӣ гуфтанд, ки "додситон умуман дар бораи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ҳарф назадааст. Тибқи ин баёния оқои Раҳмонов танҳо гуфтааст, ки мансубияти ин афрод ба гурӯҳҳои ифротгаро дар ҷараёни тафтиш муайян карда хоҳад шуд."

 

Рӯзи чаҳоршанбе Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири кишвари Тоҷикистон, низ мавҷудияти чунин як гурӯҳ ба номи "Ҷамоъати Ансоруллоҳ" дар Тоҷикистонро рад кард. Вай гуфт аз вуҷуди чунин гурӯҳе ҳеч иттилоъе дар даст надорад. Ҳамлаи интиҳорӣ ба сохтмони бахши ҷароими созмонёфтаи пулис дар шаҳри Хуҷанд, ки рӯзи 3 сентябр рух дод, дастикам чаҳор кушта ва 27 маҷрӯҳ бар ҷой гузошта буд. Чунин ҳамла, ки дар ҷараёни он шахси муҳоҷим худро бо маводди мунфаҷира метарконад, дар гузашта дар Тоҷикистон собиқа надоштааст.

 

Пас аз ҳамлаи интиҳории Хуҷанд, бахши кумитаи амнияти миллӣ дар устони Суғд бо пахши як баёния афроди вобаста ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи муртабит бо Толибон ва Алқоъидаро, ки фаъолияташ дар кишварҳои Осиёи Миёна мамнӯъ аст, масъули ин ҳамла хонда буд. Ин гурӯҳ теъдоде аз мухолифони исломгарои Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистонро гирдиҳам овардааст, ки онҳо пас аз чанд мавриди саркӯб дар авохири даҳаи 1990 ва авоили 2000 аз Осиёи Миёна ба Афғонистон ва Покистон паноҳ бурдаанд.

 

Бар асоси гузоришҳо, афроди вобаста ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ҳамроҳ бо шӯришиёни Толибон дар Покистону Афғонистон дар баробари нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ алайҳи терурисм меҷанганд. Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои ахир аз мавориди зиёди боздошти афроде, ки ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон муртабит хонда мешаванд, хабар додаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3396-2010-10-21-15-10-41.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi