21:03:51 22-уми Майи 2025 сол

АМАЛИЁТИ НЕРӮҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР МИНТАҚАИ ЧОРКӮҲИ ИСФАРА

Дар амалиёти вижаи кормандони амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара як нафар кушта шуда ва ду тани дигар, ки аз сӯйи мақомот “терурист” унвон мешаванд, фирор кардаанд. Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, яке аз афроди фирорӣ аз аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будааст.

 

isfaraНеъмат Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии "Чоркӯҳ" дар ноҳияи Исфара, ба Би-би-сӣ гуфт нахуст ҳадс зада мешуд, ки дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ ба хонаи Насим Баҳовуддинов се нафар кушта шудаанд, аммо сипас мушаххас шуд, ки танҳо як нафар кушта ва ду нафари дигар фирор кардаанд. Дар ҳоле, ки мақомоти зидахл аз шарҳи ҷузъиёти ин ҳодиса худдорӣ мекунанд, оқои Олимов гуфт: "Ҳувияти нафари кушташуда ҳамчун Сӯҳроб Ваҳҳобов мушаххас шудааст. Вай як ҷинояткори машҳур дар ноҳия буд."

 

Ба гуфтаи вай, ин фард ва шариконаш дар иртикоби ҷароими мухталиф дар вилояти Суғд дар солҳои ахир мазнун дониста мешаванд. Раиси хоҷагии "Чоркӯҳ"-и ноҳияи Исфара гуфт хонае, ки нерӯҳои давлатӣ ба он барои боздошти гурӯҳи мазнун ҳамла карданд, ба Насим Баҳоваддинов, як узви фаъоли ҳизби наҳзати исломӣ таъаллуқ дорад ва худи оқои Баҳоваддинов яке аз ду афроди фирорӣ аст.

 

Оқои Олимов гуфт: "Вай узви ҳизби наҳзати исломӣ буд. Вайро ду сол пеш аз имомати масҷиди "Қуруқи Боло" гирифтанд, зеро имомхатибҳо набояд узви ҳеҷ ҳизбе бошанд. Билети ҳизбиаш ҳам пас аз поёни амалиёт дар хонааш пайдо шуд."

 

Манобеъи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе ҳанӯз таъйид накардаанд, ки оё Насим Баҳоваддинов дарвоқеъ узви ин ҳизб будааст ё хайр. Вале Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, узви шӯрои сиёсӣ ва таҳлилгари ҳизби наҳзати исломӣ, гуфт, ки сарфи назар аз узвият доштан ё надоштани ҳар фарде дар як ҳизб, ҳизби наҳзати исломӣ аъмоли ҷиноӣ ва ғайриқонунии ҳар шаҳрвандеро маҳкум мекунад.

 

Вай гуфт: "Узвият дар ҳизби мо кафолати ҷиноят содир накардани аъзои онро дода наметавонад, зеро ҳар узви ҳизб, қабл аз ҳама шаҳрванд аст ва бо дарки худаш даст ба ҷиноят мезанад ва ё ба ин ё он гурӯҳ ва равия мепайвандад. Мо пайваста аъмоли теруристиро маҳкум кардаем ва мекунем."

 

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи раиси хоҷагии "Чоркӯҳ"-и ноҳияи Исфара, вазъият дар минтақа рӯ ба эътидол овардааст. Вай гуфт, ки ҳеч кас аз миёни афроди ғайринизомӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар ҷараёни ин амалиёт осеб надидаанд ва амалиёт барои ҷустуҷӯйи ду фирорӣ идома дорад. Ба гуфтаи вай, ҳоло нерӯҳои вижаи пулис манозили мардуми маҳалро ба манзури пайдо кардани фирориён бозҷӯйӣ мекунанд. Ин хабарро Бадриддин Шаропов, раиси ҷамоъати деҳоти Чоркӯҳ низ таъйид кардааст.

 

Қаблан бархе расонаҳо навишта буданд, ки дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дастикам се нафар аз пайкорҷӯён кушта ва ду нафар фирор кардаанд. Дар миёни фирориён як табаъаи қирғиз ҳам будааст. Исфара ноҳияе ҳаммарз бо манотиқи ҷанубии Қирғизистон аст. Бархе манобеъ гуфта буданд эҳтимолан афроде, ки ба нерӯҳои амниятӣ ва пулис муқовамат карданд, бо Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, як созмон муртабит бо Алқоъида, иртибот доранд.

 

Давлати Тоҷикистон тарафдорони Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро дар анҷоми чандин амали теруристӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар мазнун медонад. Рӯзи 21 октябр дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар ҳаволии Исфара Клик ду фарди мазнун ба узвияти ин гурӯҳ кушта шуда буданд, ки яке аз онҳо зан буд. Ин ду нафар бо нерӯҳои давлатӣ муқовамат карда буданд.

 

Дар авоили моҳи сентябр дар асари Клик ҳамлае интиҳорӣ ба идораи мубориза бо ҷароими созмонёфта дар Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, ду маъмури пулис кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд, ки мақомот онро низ кори дасти Ҳаракати исломии Ӯзбакистон хонда буданд. Ҳамасола теъдоде аз тарафдорон ё афроди муртабит ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, бавижа дар шимол, боздошт ва зиндонӣ мешаванд.

 

ТАҲАВВУЛОТИ АХИР ДАР ЧОРКӮҲИ ИСФАРА

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3452-q-------q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ