13:57:14 02-уми Июни 2025 сол

МАҲБУСИ 71-СОЛАИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ОЗОД ШУД

Муҳаммадқосими Раҳимзод, яке аз чеҳраҳои саршиноси ҲНИТ, баъди 7 солу 8 моҳи зиндон дар синни 71-солагӣ ба озодӣ баромад. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ва ҳамзамон вакили ин ҳизб дар парлумон, дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ҳикматуллоҳ Сайфулоҳзода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, гуфт, Муҳаммадқосими Раҳимзод қабл аз мӯҳлати ҳукм озод шудааст.

 

m.rahimzodБа гуфтаи ӯ, Раҳимзод яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. Ӯ гуфт: «Вақте, ки ҲНИТ таъсис наёфта буд, Муҳаммадқосими Раҳимзод бо устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳамадшариф Ҳимматзода ҳамсангар буд. Вақте, ки ба иттиҳоми таҷовуз ба духтарон муттаҳам карда шуд, ҳамзамон аъзои аршади раёсати олии ҳизб буд».

 

Ҷаноби Раҳимзод соли 2003 бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтарон барои 9 сол равонаи зиндон шуда буд. Ҳикматуллоҳ Сайфулоҳзода мегӯяд, ки муддати ин солҳо ҲНИТ ҳамеша аз аҳволи Раҳимзод бохабар буд ва ӯро бо адабиёту нашрияҳои ҳизбӣ таъмин мекард. Солҳои охир теъдоде аз аъзои ин ҳизб бо иттиҳоми мухталиф зиндонӣ шудаанд. Моҳи июни соли равон додгоҳи ноҳияи Вахш Муҳаммадрӯзӣ Бурҳоновро барои раъй додан аз номи аъзои хонаводааш ва нақзи қонуни интихобот гунаҳгор дониста, ӯро барои як сол равонаи зиндон кард.

 

Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов низ баъд аз ҳафтуним моҳи зиндон шартан қабл аз адои мӯҳлати ҷазо ба озодӣ баромад. ҲНИТ ӯро «маҳбуси сиёсӣ» меномад. Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов ангезаи сиёсӣ дошта, ин қазия фармоишӣ будааст. ҲНИТ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир чаҳор нафар аз аъзои ин ҳизб зиндонист. Охирин узви маҳбуси ҲНИТ бародари Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ дар ноҳияи Рашт, мебошад, ки аз тарафи нерӯҳои Кумитаи амниятӣ миллӣ боздошт шудааст.

 

Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3689--71------.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854