07:51:51 08-уми Июни 2025 сол

КУШТА ШУДАНИ ЧАҲОР МИЛИСА ДАР БАЛҶУВОН

Бар асари даргирӣ миёни як гурӯҳи мусаллаҳ ва мақомоти интизомӣ, шоми рӯзи 1 -уми декабр дар мавзеи Дулонаободи ноҳияи Балҷувон чаҳор корманди милиса кушта шудаанд. Ин хабарро сокинони маҳаллӣ тасдиқ мекунанд, аммо то ҳунӯз мақомот онро тасдиқ ва ё такзиб накардаанд.

 

baljuvonБа қавли сокинони маҳаллӣ, онҳо аз ҳузири силоҳбадастон ба мақомоти умури дохилӣ хабар додаанд ва вақте, ки мақомот мехостанд ахбори дарёфткардаи фавриро роҷеъ ба афроди мусаллаҳ тафтиш кунанд, мавриди ҳамла қарор мегиранд. То ба ҳол шумори дақиқи силоҳбадастон ва қурбониён маълум нест. Дар ҳоли ҳозир тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуда ва нерӯҳои изофӣ ба минтақа фиристода шудаанд. Гузоришгари Озодӣ дар минтақа қаблан гузориш дода буд, ки бархе аз сокинони ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон аз гаштугузори афроди ношинос дар кӯҳу ҷангали ин мавзеъ изҳори нигаронӣ карда мекарданд.

 

Саидмурод Хоҷаев, як сокини ин мавзеъ гуфта буд, таи ду моҳи ахир гашту гузори афроди барои онҳо ношинос дар кӯҳу ҷангалҳои ин мавзеъ бештар шудааст. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки дар минтақаи Рашт, ҳамҳудуди ноҳияи Балҷувон амалёти нерӯҳои интизомӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадаст идома дорад, пайдо шудани чунин афрод боиси шубҳаи баъзе аз сокинон мегардад.

 

Таҳқиқи шахсияти «афроди шубҳанок»

Аммо Сангалӣ Нодирхонов, ҷонишини сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Балҷувон он замон мегуфт, ба дунболи чунин овозаҳои мардум кормандони онҳо ба ин мавзеъ сафар кардаанд. Ӯ мегӯяд, афроди шубҳаоварро дар ин мавзеъ онҳо мавриди пурсиш қарор доданд ва маълум карданд, ки аксари онҳо сокинони оддии минтақаи Рашт буда, барои зиёрат ба мазорҳои атроф ва ба шикору дигар корҳои маъмулӣ аз мавзеъ гузар мекунанд.

 

Овоза: «Ал-Қоида» дар ШӮрообод

Ҷаҳонгири Рустам, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, гоҳҳо ин овозаҳо фирориёни маҳбасхонаро дар ноҳияи Фархор «пайдо» мекунад ва гоҳҳо аъзоёни толибону «Ал-Қоида»-ро дар ноҳияи Шӯрообод «пинҳонгоҳ» медиҳанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, чун ба таҳқиқ назар мекунӣ ё ин ҳарфҳо комилан асос надоранд ва ё 90 фисад муҳоботанд. Пайдо шудани чунин овозаҳо ва ба таҳлука афтидани мардумро ӯ адами иттилоот дар минтақа медонад.

 

Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3730-2010-12-02-04-51-55.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854