КОНФРОНСИ СОЛОНАИ ШӮРОИ ВАО
Имрӯз, 2-уми декабр, соати 10-и субҳ дар Кохи «Ваҳдат» конфронси солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ сар кард.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ профессор Иброҳим Усмонов кушод. Гузориши раиси Комиссияи мандатӣ Иноят Иноятов шунида шуд. Сипас 38 нафар вакил ва меҳмонони конфронс оиди фаъолияти Шӯрои ВАО навореро, ки СМТ омода карда буд, тамошо карданд.
Дар ин лаҳзаҳо раиси Шӯрои ВАО профессор Иброҳим Усмонов дар назди вакилон бо ҳисоботи солона маърӯза карда истодааст. Дар бораи натиҷаи конфронс баъдан хабар хоҳем дод.
«Рӯзгор»