"АМАЛИЁТИ ГУСТАРДА" АЛАЙҲИ АФРОДИ МУСАЛЛАҲ ДАР БАЛҶУВОН
Аҷсоди се тан аз кормандони пулис ва амниятӣ, ки шаби гузашта дар асари ҳамлаи гурӯҳе номаълум дар ноҳияи Балҷувон кушта шуда буданд, имрӯз ба хок супурда шудаанд. Аз сӯйи дигар, нерӯҳои амниятӣ ва пулиси Тоҷикистон амалиёти густардаеро барои дастгир кардани ин гурӯҳи мусаллаҳи ношинохта дар ноҳияи кӯҳистонии Балҷувон оғоз кардаанд.
Дар ин бора Сангалӣ Нодирхонов, муъовини раиси шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувон, ба Би-би-сӣ хабар дод. Вай гуфт, ки дар асари ин ҳодиса се нафар кушта ва се нафари дигар захмӣ шудаанд. Ин мақоми пулиси ноҳияи Балҷувон гуфт, ки афроди кушташуда подполковник Идибек Шарипов, муъовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон оди ба хидмат, Низомуддин Сайфиддинов, сардори шӯъбаи амнияти ноҳияи Темурмалик ва Убайдулло Сафолов, ронандаи беморхонаи ноҳияи Темурмалик будаанд.
Дар бораи кушта шудани Низомиддин Сайфиддинов, қаблан, як манбаъи маҳаллӣ низ ба Би-би-сӣ хабар дода буд. Аммо ин манбаъ гуфта буд, ки раиси шӯъбаи амнияти ноҳияи Темурмалик шабҳангом барои дидорбинии яке аз дӯстонаш ба ноҳияи Балҷувон сафар мекард. Оқои Нодирхонов ҳамчунин иттилоъ дод, ки Ҷӯрахон Табаров, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Балҷувон, прапоршик Исмоил Қудратов, коркуни шӯъбаи амнияти ноҳияи Темурмалик ва як фарди ноболиғ ба номи Некрӯз Холов дар ин даргирӣ ҷароҳат бардоштаанд.
Ба гуфтаи вай, оқои Табаров ҳамакнун дар бемористони ноҳияи Данғара таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад ва вазъи саломатии вай ва афроди дигари маҷрӯҳшуда муътадил аст. Ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба ин афрод дар рустои Дулонамайдон дар байни соъатҳои 4 ё 5 шоми аввали декабр сурат гирифтааст. Некрӯз Холов, хонандаи синфи 8 мактаби шумораи яки ноҳияи Балҷувон, ки дар маҳалли даргирӣ ба чарондани чаҳорпоён машғул буд, низ дар асари расидани тир маҷрӯҳ шудааст.
Ба гуфтаи оқои Нодирхонов, кормандони амниятӣ ва пулис барои таҳқиқи иттилоъоти расида аз мардуми дар бораи афроди ношинос ва мусаллаҳ ба ноҳияи Балҷувон, ки минтақае кӯҳистонӣ ва дастрасӣ ба бархе аз маҳаллоти он душвор аст, сафар карда буданд. Вай гуфт: "Як рӯз пеш хабар расонданд, ки як ду нафар пайдо шудаанду аз мардум нон мепурсанд. Азбаски ин афрод шубҳанок будаанд, мардум занг зада, хабар доданд, ки дар деҳаи мо ҳамин гуна одамон пайдо шудаанду нону об металабанд ва бо худ ратсия (дастгоҳи мухобара) доранд. Баъд бачаҳо ба кофтукови ин афрод шурӯъ карда ва вақти рафтан ба ноҳия бо ин ҳодиса рӯбарӯ шуданд."
Сангалӣ Нодирхонов афроди муҳоҷимро "як гурӯҳи муташаккили ҷинояткор" хонд, ки ҳувияти аъзояш мушаххас нест ва афзуд, ки "амалиёти сахте" барои дастгир ва ё нобуд кардани онон шурӯъ шудааст. Вай дар истинод ба сокинони маҳаллӣ дар ноҳияи Балҷувон, ки ин афродро ба ҳангоми обу нон пурсиданашон дидаанд, гуфт, ки "шеваи гуфтори бархе аз онон монанди афғонҳо" будааст. Оқои Нодирхонов қаблан ҳам гуфта буд, ки ду нафар аз афроди мусаллаҳ "риш дошта ва ба афғонҳо шабеҳ" будаанд.
Шамсулло Аҳадов, як сокини маҳаллӣ дар Балҷувон, мегӯяд, ки афроди мусаллаҳ эҳтимолан аз минтақаи Обигарми ноҳияи Рашт бо роҳҳои душворгузари кӯҳистонӣ ба ноҳияи Балҷувон омадаанд. Оқои Нодирхонов ҳам ин фарзияро баъид надонист ва гуфт, ки аз минтақаи Рашт ба Балҷувон аз тариқи Роғун ва Файзобод роҳҳое кӯҳистонӣ вуҷуд дорад. Хабаргузории маҳаллии "Asia-Plus" навиштааст, ки тибқи яке аз фарзияҳо маъмурони амниятӣ ва пулис ҳангоме ҳадафи ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифтаанд, ки ба анҷоми амалиёте барои санҷиши иттилоъоте фаврӣ дар бораи маҳалли будубоши теъдоде аз зиндониёни фирорӣ машғул буданд.
Дар моҳи августи соли ҷорӣ теъдоди 25 зиндонӣ пас аз қатли панҷ зиндонбон аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Дертар мақомоти пулис аз боздошти ҳафт нафар ва қатли се тан аз зиндониёни фирорӣ хабар дода буданд, вале гуфтанд, ки афроди дигар ҳамчунон нопадид ҳастанд. Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба нерӯҳои давлатӣ дар Балҷувон дар ҳоле рух дода, ки тайи ду моҳи ахир амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, алайҳи гурӯҳҳои пайкорҷӯйи мухолифи давлат ҳамчунон идома дорад.
Ин амалиёт дар пайи ҳамлаи гурӯҳе мусаллаҳ ба сутуне аз комюнҳои вазорати дифоъ дар авохири моҳи сентябр дар дараи Камароби водии Рашт шурӯъ шуд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамла ба мошинҳои вазорати дифоъро кори дасти гурӯҳҳои вобаста ба Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло медонанд. Ин афрод дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992-97 аз фармондеҳои гурӯҳҳои исломгарои мухолифи давлати Тоҷикистон маҳсуб мешуданд. Маҳалли будубоши Мулло Абдулло, ки бо қарордоди сулҳ мувофиқ набуд, аз авохири даҳаи 1990 ба ин сӯ маълум набудааст.
Би-Би-Си