09:17:21 08-уми Июни 2025 сол

ИТТИҲОМ АЛАЙҲИ ЧАҲОР ЗАН БАРОИ УЗВИЯТ ДАР "ҶАМОЪАТИ ТАБЛИҒ"

Мақомоти додситонӣ дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон аз ифтитоҳи парванда алайҳи чаҳор зан ба занни узвият дар як гурӯҳи мазҳабии мамнуъ хабар додаанд. Маҳмадсаид Насимов, муъовини додситони шаҳр гуфт ин занон дар гурӯҳи "Ҷамоъати таблиғ" узвият доштаанд.

 

mahmadsaid_nasimovОқои Насимов мегӯяд иттилоъоте, ки ба даст омада узвияти ин занонро дар ин гурӯҳи мазҳабии мамнуъ таъйид мекунад. Ба гуфтаи ин мақоми додситонии шаҳри Қурғонтеппа узвияти занон дар гурӯҳҳои мазҳабии мамнуъ авомили мухталиф дорад, ки умдатарин омил ноогоҳии занон аст. Ӯ афзуд: "Фикри шахсии ман занҳо бесаводанд ва дониши ҳуқуқӣ надоранд. Ва боз таҳлилҳое дорем, ки ҳамин камбизоатии занон метавонад яке аз саббаҳои даст доштани занҳо дар гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро ба хусус "Ҷамоъати таблиғ" бошад."

 

Гуфта мешавад занони мазнун ба узвият дар "Ҷамоъати таблиғ" заноне будаанд, ки шавҳаронашон дар авоили соли 2010 аз суи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буданд, ки баъдан муҳокима ва маҳкум ба зиндон шуданд. Оқои Насимов мегӯяд: "Дар гузашта шавҳарони ин занҳо низ бо узвияти "Ҷамоъати таблиғ" дастгир шуда буданд ва ин занҳо бо худ адабиёти таблиғотии ғайрирасмӣ воридшударо нигоҳ медоштаанд, ки қонунан аз хонаҳои онҳо ҷустуҷӯ ва гирифта шуд."

 

Ин бори нахуст аст, ки мақомот дар вилояти Хатлон аз ифттитоҳи парванда алайҳи занон барои узвият дар гурӯҳи мазҳабии мамнуъ хабар медиҳанд. Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд узвияти занон дар чунин гурӯҳҳо барои минтақа метавонад паёмадҳои нигаронкунанда дошта бошад. Каримҷон Ҷумъаев, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд: "Шояд (ин гурӯҳҳо) аз дониши ками зани тоҷик истифода кардан мехоҳанд. Вале барои ҷомеъаи мо, ки занҳо бори гарони зиндагиро ба дӯш доранд, ин мавзуъ нигаронкунанда аст. Чун нерӯи занро заъифтар медонанд ва мехоҳанд аз ин нерӯи заъиф истифода кунанд."

 

Агарчи бори нахуст аст, ки аз иттиҳоми занон дар гурӯҳи "Ҷамоъати таблиғ" гузориш мешавад, аммо бори нахуст нест, ки пайравони "Ҷамоъати таблиғ" дар Тоҷикистон мавриди пайгарди қонунӣ қарор мегиранд. Моҳи апрели соли 2009 гурӯҳе бузурге аз афрод ба иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳ дар Душанбе боздошт шуда буданд, ки баъдан ба муддатҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шуданд.

 

Дар моҳи майи соли ҷорӣ додгоҳ дар вилояти Хатлон 36 тан аз пайравони гурӯҳи мазҳабии мамнуъи "Ҷамъоати таблиғ" - ро барои муддатҳои гуногун равонаи зиндон кард. Давлати Тоҷикистон гуфтааст пайравони ин гурӯҳ даъват ба тағйири низоми секулор дар кишвар кардаанд, чизе ки пайравони ин гурӯҳ рад мекунанд ва мегӯянд ҳадаф аз фаъолияти онҳо танҳо таблиғи мазҳабӣ аст.

 

Давлати Тоҷикистон мегӯяд танҳо гурӯҳҳои сабтиномшудаи мазҳабӣ дар ин кишвар ҳаққи таблиғоти мазҳабиро доранд. Коршиносон мегӯянд давлати Тоҷикистон, ки дар ҳалли масоили иқтисодии кишвар ба хусус эҷоди ҷойҳои кор ва ҷилавгирӣ аз густариши фасод дар сутуҳи мухталифи ҳукумат ба мушкилоти фаровоне рӯбарӯ аст, аз афзоиши нуфузи гурӯҳҳои мазҳабии хориҷ аз кунтрули давлат нигаронӣ дорад.

 

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар Тоҷикистон фаъолияти даҳ созмони мазҳабӣ, ки давлат онҳоро теруристӣ ва ифротгаро хондааст, мамнӯъ аст, ки Ҳизбуттаҳрир ва Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон аз ҷумлаи онҳост. Дар авоили соли 2009 додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти пайравони фирқаи Салафия дар ин кишварро низ мамнӯъ карда ва шуморе аз афродро ба иттиҳоми пайравӣ аз ин фирқа равонаи зиндон кард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3922--------q-q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854