09:18:29 08-уми Июни 2025 сол

МЕДВЕДЕВ: РУСИЯ ДАЪВОИ АБАРҚУДРАТӢ НАДОРАД

Русия даъвои абарқудратиро надорад ва ба дигар кишварҳо ҳам тавсия медиҳад, ки аз ин гуна даъво парҳез кунанд. Ин изҳороти раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар мулоқоташ бо донишҷӯёни шаҳри Мумбайи Ҳиндустон пахш шуд.

 

Дар робита ба дифоъи зиддимушакӣ Медведев гуфт, Маскав аз бунёди сипари мушакии Аврупо таҳти сарпарастии НАТО фақат дар ҳоле пуштибонӣ хоҳад кард, ки Русия ҳам дар ин тарҳ ширкат дошта бошад. Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, ки Маскав аз узвияти доимии Ҳиндустон дар Шӯрои амнияти СММ ҷонибдорӣ мекунад ва аммо, афзуд ӯ, ислоҳот дар ин ниҳоди байнулмилалӣ кори саҳл нахоҳад буд. Сафари Дмитрий Медведев ба Ҳиндустон имрӯз поён ёфт.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854