23:24:01 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/04/26_yodbud%205.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/04/26_yodbud%206.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/04/26_yodbud%205.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2009/04/26_yodbud%206.jpg'

МАРОСИМИ ЁДБУДИ ТОҲИРИ АБДУҶАББОР

25-уми апрели соли ҷорӣ дар тарабхонаи «Валӣ» воқеъ дар шаҳри Душанбе бахшида ба ёдбуди  Тоҳири Абдуҷаббор - раиси созмони мардумии «Растохез» маҳфиле баргузор гардид, ки дар он як иддаъ дӯстон ва наздикони ӯ аз ҷумлаи вакилони парлумон, сиёсатмадорон, аҳли қалам ва ақрабои зиндаёд ширкат варзиданд.

 

Ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон Ортиқ Қодиров, ки  барандагии ин маҳфилро ба ӯҳда дошт, хотираҳои худро дар бораи шодравон Тоҳири Абдуҷаббор ба ҳозирин қисса кард. Сипас ӯ риштаи суханро ба узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дод. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз саҳми марҳум Тоҳири Абдуҷаббор ба унвони як сиёсатмадор ва арбоби ҷамъиятии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳи тоҷикон ёдовар шуд.

 

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар давоми суханрониаш гуфт, ки «агарчанде Тоҳири Абдуҷаббор расман узви Иттиҳоди мухолифин набуданд, аммо ҳамеша дар машваратҳо ва нишастҳо барои эҷоди роҳи ҳал ва оштии Миллӣ машваратҳои муфид медоданд. Ниҳоят фозилу олим, хушахлоқу ботавозӯъ ва миллатдӯсту меҳандӯст буданд. Тамоми нишонаҳои инсони некро, Худованд барояш арзонӣ дошта буд. Ӯ як зоҳиде ба маънои томаш буд».

 

 

Сипас дар ин маҳфил шоири шинохтаи тоҷик Мӯъмин Қаноат дар бораи шодравон чунин изҳори назар кард: «Тоҳир олимона, орифона ва тоҷикона зист. Тоҳири Абдуҷаббор як инсони нарм, боадаб, донишманд ва таҳаммулпазир ва дар айни замон ҳадафманд буданд.  Ба дарки ҳарфҳое, ки мегуфт расида буд. Андешаҳои ӯ ҷаҳонӣ буданд. Вале гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва мутаассиб бо дарки кӯчак худ ба моҳияти андешаҳои ӯ нарасиданд».

 

Шодӣ Шабдолов -Раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, вакили Маҷлиси Намояндагон дар бораи шахсияти Тоҳири Абдуҷаббор сухан ронда гуфт, ки ӯ як марди аз дарди миллат огоҳ буд, манофеи миллиро болотар аз манофеи шахсӣ медонист. Як шахси муаддаб буд. Ман ки  дар сангарҳои сиёсӣ бо ӯ дар мухолифат будам, ҳаргиз аз ӯ озурда нашудаам. Нисбати рақибонаш ӯ мардона кору рафтор мекард ва сухан мегуфт.

 

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки  низ дар ин маҳфил ширкат мекард гуфт, ки  ӯ надидааст, ки Тоҳири марҳум бидуни мулоҳиза сухан гуфта бошад. Ҳаргиз иштибоҳеро дар суханрониҳои ӯ вонахӯрдаам. Устод Шакурӣ низ таъкид кард, ки Тоҳири Абдуҷаббор манофеи миллиро дар мадди аввал медонист.

 

Абдулҳамиди Самад, муовини аввали раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон дар бораи  талошҳои Тоҳири Абдуҷаббор ҷиҳати покизагии забони тоҷикӣ чунин гуфт:

 

«Ман Тоҳири Абдуҷабборро ҳамчун донишманди иқтисоддон медонистам. Дар Бишкек низ ман ӯро зиёрат кард будам. Ӯ як инсони донишманд буд, андешаҳояшро бо забони содда ва шевои тоҷикӣ озод мегуфт.Одоби сухангӯйии хуб дошт. Афсӯс ки зиндагии ҳар кас аввалу охир дорад. Вале Тоҳири Абдуҷаббор дар ёди дӯстону наздикон ва онҳое, ки андешаҳои ӯро қабул доштанд, боқӣ хоҳад монд. Андешаҳои ӯ барои рушди Тоҷикистон буд».

 

Сиёсатмадори тоҷик Масъуд Собиров дар бораи Тоҳири Абдуҷаббор иброз намуд, ки «Тоҷикистон дар шахси донишманди МИЛЛӢ устод Тоҳири Абдуҷаббор нафареро аз даст дод, ки истиқлолияташ ба ӯ решапайванд аст. Ӯ яке аз нафароне буд, ки баҳри ба даст овардани истиқлолияти комили Тоҷикистон ҳамеша дар мубориза буд. Бешубҳа, сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамтақдири устод Тоҳири Абдуҷаббор аст. Месазад, ки устод Тоҳирро муборизи роҳи ба даст овардани истиқлоли Тоҷикистон номид ва ӯ воқеан арзандаи ин унвони олист. Устод бо сари баланд зиндагӣ кард ва бо сари баланд аз ин ҷаҳон рафт. Ӯ  ҳамчун сиёсатмадор зиндагие дошт, ки бояд медошт.

 

Дар маҳфили ёдбуд сафири Фавқулода ва Мухтории Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саид Муҳаммади Хайрхоҳ ва намояндаи  сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ширкат доштанд.   

 

Ҷаҳонгири Султон, 
барои сомонаи «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi