ПАРВАНДА АЛАЙҲИ БАРОДАРИ НАФАРИ КУШТАШУДА ДАР МИН
Додситонии ноҳияи Панҷакент, алайҳи Рифъат Мухторов, сокини 28 солаи ҷамоъати Ёрии ин ноҳия дар робита ба убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷинойӣ боз кардааст.
Гуфта мешавад, Рифъат Мухторов ҳамроҳ бо бародараш Фурқат Мухторов дар минтақаи ҷамоъати Фармонтеппаи ноҳияи Самарқанди Ӯзбакистон марзи Тоҷикистонро бо Ӯзабкистон ба сурати ғайриқонунӣ убур карда ва Фурқати 20-сола дар пайи бархурд бо мин ба ҳалокат расидааст. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷинойӣ боз шудааст, ки Рифъат Мухторов дар ин парванда дар убури ғайриқонунии марз муттаҳам шудааст.
Гузоришҳо ҳокист, ки аз оғози масдуд шудани марзи миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ва ҷорӣ шудани низоми раводид, даҳҳо сокинони наздимарзӣ ба минҳо бархӯрда ва ё барои убури ғайримуҷози марз аз сӯйи марзбонони Ӯзбакистон ҳадафи тирандозӣ қарор гирифтаанд.
Дар маҷмӯъ, аз соли 2000 бад-ин сӯ, яъне аз замоне, ки нерӯҳои марзбонии Ӯзбакистон манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро мингузорӣ карданд, ҳудуди 80 тан кушта ва бештар аз 80 тан атбоъи ин кишвар захмӣ шудаанд. Ҳамчунин сокинони Ӯзбакистон ҳам дар ин минҳо бархӯрда кушта ва захмӣ шудаанд.
Би-Би-Си