21:32:45 02-уми Июни 2025 сол

ЯК ПИЗИШКИ ТОҶИК ДАР ЯМАН РАБУДА ШУД

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, афроди номаълум як шаҳрванди ин кишвар дар Яманро ба гаравгон гирифтаанд. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъоти ин вазорат, Ҳомидҷон Оҷилбоев, сокини ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон субҳи 28-уми феврал тавассути гурӯҳе номаълум дар вилояти Шабаҳ, дар ҷануби Яман рабуда шуддааст.

 

medicineДавлат Назриев мегӯяд, ки сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ унвонии сафорати Яман дар он кишвар ёддоште ирсол карда, ки дар он дархост мешавад, ки тадобири лозим ва кумак барои озодии сареъи шаҳрванди Тоҷикистон иттихоз шавад. Оқои Назриев афзуд: “Абдулло Юлдошев, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ бо ҳамтои ямании худ дар тамос аст ва ҳар лаҳза аз вазъият ва фаъолиятҳо барои озодии сокини Тоҷикистон гузориш мегирад.”

 

Вай мегӯяд, Русия низ барои озодии Ҳомидҷон Оҷилбоев иқдомоти заруриро ба харҷ медиҳанд. Зеро оқои Оҷилбоев корманди ширкати "Технастрой"-и Русия дар Яман будааст. Тибқи иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон оқои Оҷилбоев шоми рӯзи 28-уми феврал баъд аз чанд соъати рабуда шудан бо масъулони ширкати "Технастрой" тамос гирифт.

 

Вай ба масъулони ширкат гуфт, ки гаравгонгирандагон бо вай муносибати хубе мекунанд, вале гуфтаанд, ки бо давлати Яман мушкил доранд ва барои ҳалли он мушкилот даст ба гаравгонгирӣ задаанд. Оқои Назриев афзуд, Ҳомидҷон Очилбоеви 60 сола аз соли 2007 дар бемористоне дар шаҳри Аттоқӣ вилояти Шабаҳ ба унвони пизишки ҷарроҳ фаъолият мекунад.

 

Оқои Оҷилбоев чаҳор соли қалб бо ширкати "Технастройи" Русия қарордод дар бораи кор дар Яманро имзо мекунад ва дар яке аз бемористонҳо дар ҷанбуи ин кишвар ба фаъолият оғоз мекунад. Дар даҳсолаи ахир бисёре аз сокинони Тоҷикистон, ба вижа пизишкон ба бархе аз кишварҳои арабӣ аз ҷумла Яман барои дарёфти кор рафтаанд.

 

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки даромади пизишкон дар Тоҷикистон танҳо ҳудуди панҷоҳ дулорро ташкил медиҳад, бисёре аз духтурони боистеъдод ба гуфтаи муттахасисон ин кишварро тарк кардаанд. Гуфта мешавад, аксари онҳо ба кишварҳои арабӣ тавассути ширкатҳо ва кордиҳандагони рус барои кор интиқол меёбанд. Феълан дар Яман беш аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон машғули фаъолиятҳои мухталиф ҳастанд, ки бархе аз онҳо бо хонаводаҳояшон дар он кишвар мондагор шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4553-yak-pizishki-tojik-dar-yaman-rabuda-shud.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854