IKAO: АМНИЯТИ ФУРӮДГОҲИ ДУШАНБЕ ТАЪМИН АСТ
IKAO ё Созмони байналмилалии ҳавонавардӣ фаъолияти фурӯдгоҳи Душанберо мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ донистааст. Натоиҷи муқаддамотии санҷиши бозрасони ин ниҳод ҳокист, ки мизони амнияти парвозҳо, таъмини амнияти мусофирон ва сойири сервиси фурӯдгоҳи Душанбе ба муқаррароти IKAO ҷавобгӯй будааст.
IKAO дар гузориши худ таъкид кардааст, ки масъулони фурӯдгоҳи Душанбе барои рафъи мушкилоте, ки бозрасони ин ниҳоди байналмилалӣ дар соли 2006 ошкор карда буданд, талош кардаанд. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯйи фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ҳайъати бозрасони IKAO муддатест, ки бахши ҳавонавардии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор додаанд. Дар чаҳорчӯби ин санҷиш фаъолияти фурӯдгоҳи Душанбе, ки коршиносон онро бахши муҳими арсаи ҳавонавардии ин кишвар мехонанд, санҷида шудааст.
Ба гуфтаи оқои Шодиев, бозрасон умдатан ба масоили таъмини амнияти парвозҳои ҳавопаймоҳо, амнияти мусофирон ва богоҷи онҳо ва низоми ҳавонавардӣ таваҷҷӯҳ кардаанд. Карен Садоян, раҳбари ҳайъати IKAO гуфтааст, ки дар гузашта нозирони ин созмон дар фаъолияти фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе мушкилотеро ошкор карда буданд, ва “масъулони фурӯдгоҳ барои рафъи онҳо талошҳои ҷиддие анҷом додаанд.”
Нозирони ин созмон ҳамчунин таъминоти маводди сӯхт ва хӯроки мусофиронро мувофиқ ба меъёрҳои IKAO арзёбӣ карданд. Таъкид мешавад, ки натоиҷи комили ин бозрасӣ дертар мунташир хоҳад шуд. Зимнан, то соли 2009 фурӯдгоҳи Душанбе ба гунаи сойири фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон моли ширкати давлатии “ТоҷикЭйр” маҳсуб мешуд. Баъд таҷдиди сохтори ин ширкат, фурӯдгоҳҳои кишвар мустақил шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки бо натоиҷи муқаддамотии санҷиши нозирони IKAO мувофиқ нестанд. Зеро, дар фаъолияти ин ниҳод ҳанӯз низ мушкилоти зиёде мушоҳида мешавад. Ба унвони мисол, ҳарчанд дар фурӯдгоҳи Душанбе теъдоди зиёди пулис ва маъмурони амниятӣ дида мешаванд, вале ҳатто бо дарназардошти аъмоли теруристии ахир дар фурӯдгоҳҳои ҷаҳон, мардум меатвонанд, бидуни бозрасӣ вориди фурӯдгоҳи Душанбе шаванд.
Мавзӯъи таъмини амнияти богоҷи мусофирон дар тӯли ду соли ахир ба мавзӯъи доғи мавриди баҳси ҷомеъаи кишвар табдил шудааст. Ҳарчанд масъулони ин ниҳод иброз медоранд, ки маъмулан богоҷи мусофирон дар фурӯдгоҳҳои дигар мавриди сирқат қарор мегиранд. Аз сӯйи дигар, дар сурати таъвиқи парвозҳо, ширкатҳои ҳавонавардӣ наметавонанд дар дохили фурӯдгоҳи Душанбе мусофиронро бо ғазо ва курсиҳо таъмин кунанд. Зеро, толори ин фуӯдгоҳ кучак буда ва танҳо теъдоди андаки мусофирон метавонанд дар дохили толори интизории фурӯдгоҳ ҷойгир шаванд.
Ахиран эълом шуд, ки оғози сохтмони терминоли ҷадиди фурӯдгоҳи Душанбе, ки бо кӯмаки молии Фаронса бояд эҳдос шавад, ба таъхир уфтодааст. Давлати Фаронса барои сохтмони ин терминол беш аз бист милюн юру ихтисос дода буд. Ҳоло, мушшахас шудааст, ки ба далели боло рафтани қиммати масолеҳи сохтмонӣ, боз ба нӯҳ милюн юруи изофӣ ниёз вуҷуд дорад. Давлати Тоҷикистон барои ҳалли ин мавзӯъ бо ҷониби Фаронса вориди музокирот шуда ва то замони ҳалли комили ин мавзӯъ сохтмони терминоли ҷадид оғоз нахоҳад шуд.
Аз сӯйи дигар, тӯли ду соли ахир, дар ин фурӯдгоҳ пайдо кардани аробачаҳо барои интиқоли боғоҷ ғайримумкин буд. Ҳоло, масъулони фурӯдгоҳи Душанбе иддаъо доранд, ки ахиран аз Чин сад адад аз ин арбочаҳоро харидорӣ кардаанд. Зимнан, дар гузашта Идораи танзими ҳавонавардии Тоҷикистон низ аз харидории таҷҳизоти ҷадид барои таъмини амнияти парвозҳои ҳавопаймоҳо хабар дода буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4614-amniyati-furudgohi-dushanbe-tamin-ast.html