21:58:37 02-уми Июни 2025 сол

ГЕНЕРАЛИ НАТО БО ТУРКИЯ ДАР БОРАИ ЛИБИЯ МУЗОКИРА МЕКУНАД

Ҷеймс Ставридис-дарёсолори Амрико ва фармондеҳи боломақоми нируҳои НАТО дар Анкара бо мақомоти расмии Туркия мулоқот кард.

general natoВай дар ин мулоқот бетамоюлии Туркияро баррасӣ кард, кишвареро, ки намехоҳад фармондеҳии минтақаи ғайрипарвоз дар Либия дар ихтиёри нируҳои НАТО қарор бигирад. Мулоқоти дарёсолори амрикоӣ бо мақомоти Туркия баъд аз он баргузор шуд, ки Аҳмад Довутуғлу-вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, минтақаи ғайрипарвоз бояд бо дастури Шӯрои Амнияти СММ ҷорӣ шавад ва қатънома бояд барои барканории режими Муаммар Қаззофӣ набошад. Довутуғлу гуфт:

“Мо барои НАТО муносиб намедонем, ки аз як тараф чунин масъулиятро бар дӯш бигирад ва аз тарафи дигар нируҳои эътилоф ҳамзамон амалиёти ҷудогона анҷом диҳанд”.

Фаронса мехоҳад, ки нируҳои эътилоф тақвият ёбанд ва кишварҳои арабӣ низ ба он дохил шаванд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854