ЭЪЛОМИ АСОМИИ НОМЗАДҲОИ ИНТИХОБОТИ МИЁНДАВРАӢ
Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон асомии панҷ номзад ба интихоботи миёндавраии порлумониро, ки моҳи май баргузор хоҳад шуд, эълом кард. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, се нафар аз ин афрод намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ду нафар номзадҳои инфиродӣ будаанд.
Муҳибуллоҳ Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 1 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки Саидиброҳим Назар номзад аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Амирқул Азимов номзад аз Ҳизби халқи демукроти ин кишвар ва Музаффар Мирзоев аз ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар кумисиюн сабти ном шудаанд.
Оқои Додоҷонов афзуд, ки номзадҳои инфиродӣ Толибшоҳ Саидзода ва Сафарбек Маннонов будаанд. Вай гуфт, ки ироаи асноди зарурии номзадҳо дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе то 15-уми апрел идома хоҳад ёфт ва он замон натиҷаи ниҳоӣ ва асомии номзадҳои воқеъии интихоботи миёндавраӣ эълом хоҳад шуд.
Масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон мегӯянд, ки 31 март охирин рӯзи сабти номи нозадҳо буд ва аз ин рӯз ин кумисиюн марҳалаи сабти номзадҳоро ба охир расондааст.
Дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо пешниҳоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Шермаҳмад Шоҳиён, яке аз намояндагони порлумон, ба симати раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ таъйин шуд. Ва бар асоси моддаи 57-и Қонуни асосии Тоҷикистон, баъд аз қатъи фаъолияти як намояндаи мардумӣ ба ҷойи вай дар Маҷлиси намояндагон бо баргузории интихоботи миёндавраии порлумонӣ фарди дигаре интихоб мешавад.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон баъд аз эъломи рӯзи интихоботи миёндавраии Тоҷикистон гуфта буданд, ки ба сабаби беэътимодӣ ба баргузории интихоботи мунсифона аз пешниҳоди номзадҳо барои ширкат дар интихоботии миёндавраӣ худдорӣ мекунанд. Аз ҷумла намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби кумунист ва ҳизби ҳизби сусиёл-демукрот аз шеваи баргузории интихобот ва, бавижа натиҷагирӣ аз он, шадидан интиқод карда буданд.
Бисёре аз намояндагони аҳзоби мухолиф пас аз натиҷагирӣ аз шумориши орои интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2010 гуфта буданд, ки дар шумориши оро тақаллуботи зиёде мушоҳида шуда ва онҳо ба баргузории интихоботи демукротик ва мунсифона дар ин кишвар бовар надоранд.
Би-Би-Си