21:41:14 02-уми Июни 2025 сол

НИРУҲОИ ТУРКИЯ БО ШӮРИШИЁНИ КУРД ЗАДУХУРД КАРДАНД

Мақомоти Туркия мегӯянд, рӯзи ҷумъа нируҳои ин кишвар дар наздикии марз бо Сурия бо шӯришиёни курд вориди даргирӣ шудаанд.

Дар ду даргирии алоҳида 7 шӯришӣ кушта, се сарбози турк захмӣ шудаанд. Дар давоми шаш моҳи ахири оташбас бо шӯришиёни Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей ин шадидтарин даргирӣ ба шумор меравад.

Шӯришиён гуфтаанд, ҳукумати Тркия аз дархости онҳо дар бораи беҳбуди шароити нигаҳдошти Абдулло Уҷалон дар зиндон сарфи назар кардааст.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854