01:03:14 15-уми Майи 2025 сол

МАҲКУМИЯТИ ЧАҲОР ЗИНДОНБОН БАРОИ ФИРОРИ ЗИНДОНИЁН

Чаҳор нафар аз зиндонбонҳои боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ду то ба 8,5 сол ба зиндон маҳкум шудаанд. Ин афрод дар нокомӣ дар иҷрои вазоифи худ, ки боъиси фирори 25 зиндонӣ дар шаби 23-и августи гузашта шудааст, муҷрим шинохта шудаанд.

zindonДар миёни асомии зиндонбонҳои маҳкумшуда исми муъовини раиси боздоштгоҳи амниятӣ низ ҳаст. Тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, додгоҳи низомии Тоҷикистон ахиран Саидулло Бердиев, муъовини собиқи боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Сӯҳроб Акбаров, нозири ин боздоштгоҳро, барои ҳашт солу шаш моҳ ба зиндон маҳкум кардааст.

Ҳамчунин Саидалӣ Саидов, нозири дигари ин боздоштгоҳ, низ ба ду соли зиндон маҳкум шудааст. Дар мусаввабаи додгоҳи низомӣ омадааст, ки ин афрод "вазифаҳои хидматии худро бадурустӣ иҷро накардаанд" ва ин амр мунҷар ба фирори гурӯҳи бузурге аз зиндониён шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ Қобилҷон Касиров, як нозири Идораи умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистонро ба далоили мушобеҳ ба панҷ соли зиндон маҳкум кардааст.

Ин муҳокимаҳои додгоҳӣ пушти дарҳои баста сурат гирифтаанд ва хабари маҳкумияти ин зиндонбонҳоро телевизиюни давлатии Тоҷикистон шаби гузашта (4 апрел) пахш кард. Аммо ҷузъиёти дигари ин муҳокимаҳо рӯшан нест.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони Сӯҳроб Акбаров, яке аз зиндонбонҳои маҳкумшуда, мегӯянд, ки ҳукми додгоҳ нисбат ба вай ғайримунсифона буда ва онҳо қасд доранд аз ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ ва дар сурати зарурат, ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят бубаранд.

Ба гуфтаи яке аз пайвандони вай, ки нахост номаш ифшо шавад, оқои Акбаров зиндонбони боздоштгоҳи амниятӣ буд ва ҳангоми фирори зиндониён аз сӯйи онҳо "ба сурати ваҳшиёна лату кӯб шуда" ва табиъист, ки наметавонистааст аз ин ҳодиса ҷилавгирӣ кунад. Ин манбаъ афзуд: "Дар оғоз Сӯҳроб шахси ҷабрдида маҳсуб мешуд, вале сипас, ӯро мазнун донистанд. Баъд аз лату кӯб вай аслан як шахси маълул аст."

Фирори зиндониён аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон, ки дар маркази шаҳри Душанбе ва дар маҳалле наздик ба манзили раиси ҷумҳурии ин кишвар воқеъ аст, ҳодисае бесобиқа дар таърихи Тоҷикистон унвон мешавад. Ба гуфтаи мақомот, дар ин ҳодиса 25 зиндонии "бисёр хавфнок" панҷ тан аз посбонҳоро дар ду боздоштгоҳ кушта ва муваффақ ба фирор аз зиндон шуданд.

Тайи чанд моҳи баъд аз фирори зиндониён, 14 нафар аз онҳо боздошт шуданд, ки се нафар аз онҳо атбоъи Афғонистон ҳастанд. Ба гуфтаи мақомҳои интизомӣ, се нафари дигар аз зиндониёни фирорӣ дар ҷараёни боздошт кушта шудаанд ва ҳашт нафари дигар то ҳол нопадид ҳастанд.

Дар пайи ҳодисаи фирори зиндониён, Президент Раҳмон куллияи мақомоти амниятии Тоҷикистонро аз симатҳояшон барканор кард ва Саймумин Ятимов, ки он замон муъовинати раиси ин ниҳодро бар ӯҳда дошт, ба раёсати Кумитаи давлати амнияти миллӣ мансуб шуд.

Дар ҳамин ҳол, Додгоҳи низомии Тоҷикистон ахиран муҳокимаи зиндониёни фирории боздоштшударо дар пушти дарҳои баста оғоз кардааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ