ДАР БАДАХШОН НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АЗ ПАНҶ СОМОНӢ ГУЗАШТ
Инак чанд рӯз боз соҳибони автомашинаҳое, ки бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат мекунанд, аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон як литр соляркаро бо нархи 5 сомониву 20 дирам мехаранд.
Нархи як литр бензин бошад ба 4 сомониву 90 дирам боло рафтааст. Сабаби боло рафтани қиммати сӯзишвориро коршиносони ин соҳа дар баланд шудани нархи андози маҳсулоти нафтии аз Русия воридшаванда арзёбӣ кардаанд. Баъди он ки боҷи маҳсулоти нафтии ба Қирғизистон воридшаванда аз сӯйи ҳукумати Русия барҳам дода шуд, андози маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон воридшавандаро ҳукуматдорони Русия 5, 3 дар сад боло карданд.
Ин тағйирот боиси боло рафтани нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, минҷумла дар Бадахшон гардид. Интизор меравад, ки боло рафтани нархи сӯзишворӣ ба қиммати нархи диггар маҳсулоти хоҷагии халқ, махсусан маводи мавриди ниёзи аввалия, ки ба Бадахшон онҳоро асосан тавассути нақлиёти автомобилӣ ворид мекунанд, таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ