03:33:35 09-уми Июни 2025 сол

ШАШ ПУЛИСИ АФҒОН ДАР ҚАНДАҲОР КУШТА ШУДАНД

Шӯришиёни марбут ба Толибон дар ҳамла ба як маркази омӯзишии пулис дар Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон шаш тан аз нерӯҳои амниятии ин кишварро куштанд. Мақомҳои маҳаллӣ дар ҷануби Афғонистон гуфтаанд дастикам се тан аз шуришиён низ дар ин ҳамла кушта шудаанд. Гузоришҳои аввалия ҳокӣ аст, ки ин инфиҷор дар наздики ин марказ рух дода ва баъд садои тирандозӣ ба гӯш расидааст. Толибон масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифтаанд.

afghan_policeМақомҳои амниятӣ мегӯянд чандин нафар аз муҳоҷимон дар ин амалиёт ширкат доштанд, мақомҳои амниятӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки муҳоҷимон ба орпиҷӣ (РПГ) ва мусалсал (автомат) мусаллаҳ буданд ва иддае аз онҳо ҷалиқаҳои инфиҷорӣ ба тан доштаанд. Ҳанӯз мушаххас нест ки ин ҳамла интиҳорӣ будааст ё на.

Дар остонаи интиқоли масъулияти амниятӣ аз нерӯҳои хориҷӣ ба нерӯҳои афғон барномаҳои омӯзиши нерӯҳои амниятӣ аз ҷумла артиш ва пулис барои давлати Афғонистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз аҳамияти зиёде бархурдор аст. Дар моҳои ахир афроди мусаллаҳ дар чандин маврид ба марокизи истихдоми нерӯҳои амниятӣ ва ё марокизи омӯзиши онҳо ҳамла кардаанд.

Сохтмоне, ки дар наздикии шаҳри Қандаҳор мавриди ҳамла қарор гирифта дар канори маркази омӯзиш, маркази истихдом ва ҷалбу ҷазби нерӯҳои амниятии Афғонистон низ ҳаст. Хабарнигорон дар маҳал мегӯянд ин минтақа аз суи нерӯҳои амниятӣ ба рӯи тарофик баста шуда ва ҳаликуптерҳо бар фарози ин минтақа ба парвоз даромадаанд. Вилояти Қандаҳор, ки пойгоҳи аслии гурӯҳи Толибон дар замони ҳокимияти онҳо буд, дар солҳои ахир саҳнаи хунинтарин хушунатҳо будааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854