02:42:30 09-уми Июни 2025 сол

ТАРКИШ ДАР МЕТРОИ МИНСК, ПОЙТАХТИ БЕЛАРУС

Дар таркише, ки шоми рӯзи сешанбе метрои Минск, пойтахти Беларусро такон дод, чанд нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Хабаргузории русии «Интерфакс» ба нақл аз шоҳидони воқеа теъдоди кушташудагонро 2 нафар номидааст, вале хабаргузории давлатии Беларус, «БелТА» аз ҳалокати «чандин тан» дар ин инфиҷор гузориш додааст.

 

/images/stories/2011/04/11_tarkish56446665.jpgХабарнигори Ассошиэйтед пресс аз ҷои воқеа итти лоъ дод, ки чанд нафари шадидан зашмишуда, аз ҷумла мардеро дидааст, ки бар асари таркиш аз ҳарду пояш маҳрум гашта буд. Ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» мардуми зиёде аз метро бо сару рӯйи хуншор ва либоси дарида берун меомаданд. Даҳҳо мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба истгоҳи метро фиристода шудаанд.

Инфиҷор дар истгоҳи «Октябрская» ба вуқӯъ пайваст, ки дар 200-метрии Қасри раёсатҷумҳурии Беларус воқеъ аст. Ин истгоҳест, ки субҳ ва шомгоҳон серодам аст. Инфиҷор дар наздикиҳои соати 6-и шом ба вақти Беларус ба амал омад. Вазорати умури изтирории Беларус рӯй додани инфиҷорро тасдиқ кард, аммо аз ҳама гуна ташреҳи он худдорӣ намуд. Ҳанӯз маълум нест, ин як ҳамлаи террористӣ буд ё садамаи фаннӣ.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854