21:31:27 01-уми Июли 2025 сол

ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ТУНИСРО ДАР 18 МАВРИДИ ҶИНОЯТ АЙБДОР МЕКУНАНД

Вазири адлияи Тунис гуфт, ки додситонҳо талош доранд раиси ҷумҳурии барканоршуда Зануллобиддин Бен Алиро аз рӯи 18 банди қонун, аз ҷумла кштор ва қочоқи маводи мухаддир дар додгоҳ муҳокима кунанд.

ben aliИмрӯз дар як мусоҳибаи телевизионӣ вазири адлия Лазҳар Чеббӣ батафсил иттиҳомоти зидди президенти собиқро зикр кард, ки дар миёни онҳо инчунин хиёнат ба давлат низ зикр шудааст.

Баъди дар паи эътирозҳои мардумӣ аз қудрат барканор шуданаш 14 январи имсол, Бен Алӣ, ки 23 сол сари қудрат будааст, маҷбур шуд дар хоки Арабистони Саудӣ панаҳ барад. Ба иттилои Чеббӣ, Тунис ҳоло роҳҳои қонунии истирдоди Бен Алиро аз Арабистони Саудӣ андеша дорад.

Тунис аз Интерпол низ хостааст, ки дар ҳабси Бен Алӣ, ҳамсари ӯву дигар аъзои оилааш, ки баъди ошӯбҳо кишварро тарк карданд, мусоидат кунад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ