08:30:54 09-уми Июни 2025 сол

ПАРВАНДА АЛАЙҲИ ПАЙРАВОНИ МАҲМУД ХУДОЙБЕРДИЕВ

Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ки алайҳи ҳафт нафар аз ҷонибдорони сарҳанги исёнгар Маҳмуд Худойбердиев парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба гуфтаи Юсуфҷон Юсуфзода, кафили додситонии вилояти Хатлон, ин ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев сокинони ноҳияҳои Вахшу Ҷиликули вилояти Хатлон буда, баъди солҳо зиндагӣ дар Ӯзбакистон ва Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Оқои Юсуфзода афзуд, ки санҷишҳои додситонӣ нишон додаанд, ки ин ҳафт нафар бо оқои Худойбердиев дар ҳамлаи нофарҷоми ин сарҳанги шӯришӣ ба вилояти Суғд дар соли 1998 даст доштаанд ва бо ҳамин ҷурм алайҳи онҳо парванда боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон мегӯяд чанд нафар аз сокинони ин вилоят, ки аъзои гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев дониста мешаванд, мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Раёсати корҳои дохила асомии афроди мазнунро "ба хотири сирри амалиёт" зикр накард, вале гуфт дар се моҳи сипаришуда 11 нафар аз ҷонибдорони Худойбердиев боздошт шудаанд, ки ҳамагӣ сокинони вилояти Хатлон ҳастанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854