ПУЛИС КУШТА ШУДАНИ МУЛЛО АБДУЛЛОРО ТАЪЙИД КАРД
Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷараёни даргириҳои ду рӯзи ахир дар минтақаи Рашт чаҳордаҳ нафар аз пайкорҷӯёни мухолифи давлат кушта шудаанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар миёни кушташудагон Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба "Мулло Абдулло", низ ҳаст.
Оқои Асадуллоев аз ироаи ҷузъиёти ин ҳодиса худдорӣ кард, вале гуфт, ки маъмурони давлатӣ ҳувияти бархе дигар аз афроди кушташуда дар даргириҳоро мушаххас мекунанд. Сухангӯйи вазорати умури дохилӣ ҳамчунин гуфт, ки дар ҷараёни даргирӣ бо пайкорҷӯёни мухолифи давлат ду нафар аз "ихтиёриёне, ки бо нерӯҳои пулис ҳамкорӣ мекарданд," кушта ва ду маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон захмӣ шудаанд.
Рӯзи гузашта бархе аз хабаргузориҳо аз кушта шудани чанд маъмури пулис дар ҷараёни даргирӣ бо афроди мусаллаҳи мухолифи давлат дар минтақаи Самсориқи ноҳияи Нуробод гузориш карда буданд, вале ин хабарҳо ба таври расмӣ таъйид нашудааст.
Пештар як мақоми пулис ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки даргирӣ дар маҳалле дуруфтода ва кӯҳистонӣ ҷараён дорад ва тамос бо нерӯҳои давлатӣ дар он ҷо душвор аст. Ба ин далел, мушаххас кардани ҷузъиёти даргирӣ бо мухолифони мусаллаҳ вақти бештаре мехоҳад.
Рӯзи гузашта бархе расонаҳо аз кушта шудани Абдулло Раҳимов, аз фармондеҳони аршади нерӯҳои мухолифи давлат дар замони ҷанги дохилӣ, ки созишномаи сулҳро напазируфта буд, хабар доданд. Вале сухангӯйи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин хабарро таъйид накарда ва гуфта буд, ки ҳануз мушаххас нест, ки дар миёни кушташудагон Мулло Абдулло низ ҳаст ё на. Имрӯз вай гуфт, ки "дигар дар кушта шудани ӯ шакке нест."
Давлати Тоҷикистон Мулло Абдуллоро дар ҳамла ба комюнҳои низомӣ дар авохири моҳи сентябри соли гузашта дар дараи Камароб, ки ба марги дастикам 26 низомӣ анҷомид, мазнун медонад. Дар пайи ин ҳодиса амалиёти густардаи нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт, ки тайи ду соли ахир маҳалли даргириҳо байни нерӯҳои давлатӣ ва пайкорҷӯёни мухолифи давлат будааст, оғоз шуд.
Мақомоти пулис қаблан хабар дода буданд,, ки дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи пайкорҷӯён дар минтақаи Рашт дар пойизи гузашта дастикам бист нафар аз мухолифони давлат кушта шудаанд. Вале нерӯҳои давлатӣ низ дар ин амалиёт талафот ва зиёни ҷиддие бардоштаанд. Дар авоили моҳи январ Вазорати кишвари Тоҷикистон аз кушта шудани Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба “Алии Бедакӣ” хабар дод, ки гуфта мешуд дар ҷараёни амалиёте вижа кушта шудааст.
Баъд аз ин ҳодиса, бархе аз соҳибназарон мегуфтанд, ки марҳилаи аслии амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи пайкорҷӯён анҷом ёфтааст. Ҳарчанд, мақомоти интизомӣ ва амниятӣ гуфта буданд, ки ҳамчунон машғули ҷустуҷӯйи маҳалли будубоши Мулло Абдулло ҳастанд. Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба "Мулло Абдулло", дар моҳи октябри соли 1950 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Вай дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон ба унвони яке аз фармондеҳони умдаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифи давлат маъруф шуд.
Дар пайи имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 вай аз ҷумлаи фармондеҳони мухолифе буд, ки шароити тавофуқоти сулҳ байни мухолифон ва давлатро напазируфтанд. Солҳои зиёде аз ӯ дарак набуд ва гуфта мешуд, ки вай ба Афғонистон фирор кардааст. Вале ду сол пеш, дар ҷараёни ҳаводиси Тавилдара номи ӯ дубора вирди забонҳо шуд. Дар ҷараёни даргириҳои Тавилдара дар тобистони соли 2009 Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирории Тоҷикистон, кушта шуд, вале нерӯҳои давлатӣ асаре аз Мулло Абдулло наёфтанд.
Пас аз ҳамлаи гурӯҳе мусаллаҳ ба комюнҳои ҳомили низомиён дар дараи Камароб дар моҳи сернтябри соли гузашта давлат дубора ангушти иттиҳом ба сӯйи Мулло Абдулло ишора рафт. Дар авохири соли милодии гузашта Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилӣ, гуфта буд, ки Абдулло Раҳимов бо ҳадафи эҷоди пойгоҳҳои теруристӣ дубора ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Ҳамакнун, ҷузъиёти даргирӣ дар ноҳияи Нуробод ва чигунагии кушта шудани Мулло Абдулло, ки аз афроди бисёр хатарноке барои давлат маҳсуб мешуд, рӯшан нест, вале бархе манобеъ мегӯянд, ки ин амалиёт бо истифода аз аслиҳаи сангин, аз ҷумла тонку чархболҳо, сурат гирифтааст.
Би-Би-Си