НАХУСТВАЗИРИ ПЕШИНИ МИСР МУҲОКИМА МЕШАВАД
Қарор аст Аҳмад Назиф, нахуствазири пешин ва ду узви собиқи дигари ҳукумати Миср ба иттиҳоми истифодаи су аз дороиҳои миллӣ дар додгоҳ муҳокима шаванд.
Як мақоми додситонии Миср гуфтааст иттиҳомот ба судҳое рабт мегирад, ки гуфта шуда оқои Назиф, Юсуф Бутрос Ғолӣ, вазири дороӣ ва Ҳабиб Аладлӣ, вазири пешини кишвар аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаанд. Як муъомилаи тақрибан 15 миллиюн дулорӣ, ки ба тавлиди пелокҳои мошин марбут аст, дар маркази таваҷҷуҳи бозрасон қарор гирифтааст.
Оқои Адлӣ ҳамакнун дар робита ба марги тазоҳуркунандагон дар Қоҳира дар моҳи январ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад. Ӯ ва оқои Назиф ҳоло дар Қоҳира дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд аммо гумон меравад оқои Ғолӣ дар хориҷ аз кишвар бошад.