01:55:38 01-уми Июни 2025 сол

ПАРВАНДА АЛАЙҲИ ПИСАРИ РАИСИ ДОДГОҲИ ОЛӢ НУСРАТУЛЛО АБДУЛЛОЕВ

Писари Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар марги як шаҳрванди Чин муттаҳам мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Фарҳод Абдуллоеви 25-сола бо мошини тамғаи BMWx6 рақами давлатиаш ГМ 6162, шаҳрванди Чин Люг Жеунро, ки дар ширкати роҳсозӣ кор мекард, пахш намудааст.

sadamaИн садамаи нақлиётӣ рӯзи 12-уми апрел тақрибан соати 11-и шаб дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе рух додааст. Ба гуфтаи як манбаъ аз ВУД, ҳоло алайҳи Фарҳод Абдуллоев парванда ифтитоҳ ёфта ва тафтишоти қазияро додситонӣ идома медиҳад. Аммо то ҳанӯз иҷоза барои боздошти Фарҳод Абдуллоев содир нашудааст. Мақомот ҷузъиёти дигареро дар ин бора ироа накардаанд.

Фарҳод Абдуллоев, ки ҳамагӣ 25 сол дорад, дар Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба унвони мутахассиси пешбари бахши додрасҳои иқтисодии Раёсати додрасҳои дастгоҳи Шӯрои адлия кор мекунад. Дар Шӯрои адлияи Тоҷикистон ин хабарро таъйид карданд, вале замоне хостем бо худи ӯ сӯҳбат кунем, гуфтанд, ки Фарҳод Абдуллоев дар ҷои кор ҳузур надорад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854